Бахшҳо

Суолу ҷавоби Муҳиддин Кабирӣ бо Салимзода дар парлумон (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 25 феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”-ро қабул карданд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар парлумон гуфт, афроде додситони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин хоҳанд шуд, ки даҳ сол собиқаи корӣ дошта, се солашро дар мақоми роҳбарикунандаи ин ниҳод ё мақомоти олии қонунгузорӣ сипарӣ кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон, аз Шерхон Салимзода зарурати ворид кардани чунин тағйиру иловаҳоро пурсид: “Беҳтар мебуд, то шарҳ медодед, ки чӣ зарурат дорем барои дарро боз кардан барои корманди мақомот ва ё ҳатто қонунгузорӣ барои кор кардан дар додситонӣ? Лозим аст, ки чанд сол кор карда бошад? Ё ин маънои онро дорад, ки қаблан дар бахши додситонӣ кор кардаасту баъд гузашт ба қонунгузорӣ ё мақомоти ичроия. Манзур ин аст, ё ин ки дипломи ҳуқуқшиносӣ дораду чанд сол дар парлумон кор кардааст, метавонад додситони шаҳр ва ё вилоят шавад? Барои ман муаммо монд, ки оё ин сабабаш нарасидани кадрҳо дар дохили додситонӣ аст, ки мо ҷалб мекунем аз мақомоти дигар, ё сабаби дигар дорад?”



Дар посух ба ин пурсиши вакили парлумон Шерхон Салимзода, додситони кулл, гуфт: “Камбудӣ аз мо буд, ки дар баромади худ қисми аввали меъёри мазкурро ба диққати вакилон нарасонидем. Шартҳо оид ба таъин шудани додситони вилоятҳова шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад, дар мақоми додситонӣ даҳ сол собиқаи корӣ дошта бошад, аз ин даҳсола бояд, ки се солаш боз дар вазифаҳои роҳбарикунанда бошад.”

“Қаблан чунин буд, ки танҳо шахси 5 сол дар мақоми додситонӣ кор карда метавонист додситони вилоятҳо ва ё Душанбе таъин карда шавад”,-афзуд Шерхон Салимзода. Додситони кулл гуфт, дар гузашта мутахассисоне буданд, ки давоми солҳои зиёд ба унвони муовини додситон кор карда, аммо тибқи меъёри, ҳамакнун қаблӣ, ҳаққи таъин гардидан ба вазифаи додситони вилоят ва ё шаҳрро надоштаанд.

“Акнун муайян мешавад, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда се сол кор карда бошад. Хушбахтона, бисёре аз кормандони мо дар парлумон ё ба ҳайси вакил ва ё дар шуъбаи дигар кор мекунанд, тибқи меъёри тоза, ин собиқаи корӣ ба собиқаи кории вазифаи роҳбарикунандаи мақомоти додситонӣ баробар дониста шавад”,-илова намуд додситони кулли кишвар.
Мӯҳр
Зинда боши Кабири

наимчон
чаро суханронии шерхон салимзода, несту аз кабири аст.

сорбон
Кабири ба майдагии тухми мург аз индюк притензия мекунад. Чунки у анчом ёфтани корро аз руйи стандарт хеч гох намефахмад. Зеро одат накардааст. Мисли студентхои бо бахои се мехондаги, ки хап накуни муаллим як 3 мемона бояд як чи гуяд. Агар фахмиш дошта бошад, инро талаботи тахасуси мегуянд, ки нисбати мансаб мукаррар карда мешавад. Вале барои маънои талаботи тахассусиро фахмондан ба у як хафта лозим аст.

farukh
chiba javobi Salomzoda namonden yoki fakat Kabiri mahkulay tamom ???

Суруш
Барои он суханронии Салимзодаро намонданд, ки ин хабаргузориро Хизби нахзати исломи, Турачонзодахо ва дигар кишвархои исломи маблаггузори мекунанд.

салим
чи хел ки писари прокурори пештара дар 26 солаги прокурори райони Хисор буд?? кучо шуд конуну кучо шуд коида??

Файз
Ачоиб кадом шахси маълумотдори 30 сола дах сол дар ин маком кор карда тавонистааст.

Хошимбой
сорбон,
агар барои Кабири як хафта лозим бошад, пас барои ту барин гумбази аклу хирад сад умри саъдиёна хам кам аст. ''ДОНО''

додситони кулли ягон хешован дорад дар парлумон, ки дар вазифаи додситони ягон сол кор накардааст ва мехохад уро аз вазифа тамин кунад, е акрабои дигар касро.

расул
худо забонатро бурро кунад УСТОД КАБИРИ

Салом хидмати ҳамаи хонандагони азиз! шояд як далелаш ин бошад, ки додситон натавонистааст посухи саволи кабириро ба хубии тиад чаро ки саволҳо асоси ва ҷидди будаанд ва рзодагон ба тарҳи саволҳо басанда кардааст.

Хошимбой,
Хак ва рост. Боши да гирди арча!

Чаноби Салимзода Шерхони Одина Ман фанни математикаро хуб намедонам, вале мантикро каме хондаам: Син аз 30сола кам набошад ва 10 сол собикаи кори. Пас Агар ман 31 сола бошаму 10 сол собика дорам, аммо 31-10=21сола мешавад, ки ба шахс дар синни 23 солаги дипломи макотиби оли медиханд. Математика зур ё мантик??? Илтимос фахмонед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)