Жириновский: "Тоҷикистонро мо сохтем, чунин кишвар набуд" (ВИДЕО)
Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, бегоҳи 23-юми феврал, зимни баромадаш тариқи шабакаи телевизионии «Россия 24» ба ҳаводиси Украина дахл карда, таъкид намуд, ки он ба сифати округи Малорусия ва Осиёи Миёна низ ба сифати округ ба тобеияти Русия дароварда шаванд.
Жириновский таъкид намуд, ки тамоми ақаллиятҳоро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ русҳо наҷот доданд: “Халқи рус дар ҷабҳаи пеши ҷанг қаҳрамонӣ мекарданд ва дигар халқҳо асосан ба таъминот дар ақибгоҳ машғул буданд.”
Ӯ дар дақиқаи 23-юми баромадаш ба масоили Осиёи Марказӣ низ дахл карда, гуфт кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро мо худамон фикр карда сохтем: “Бояд округи Осиёи Марказӣ бо марказаш дар Верний, ки ҳозир номи бегона, Алматоро дорад, дар ҳайати Русия ташкил карда шавад.”
Ин изҳороти Жириновский аллакай норозигии Остонаро ба бор овардааст. Душанбе низ қаблан ба як суханронии иғвоангезонаи Жириновский вокуниш нишон дод ва аз Маскав посух гирифт, ки изҳороти эҳсосии хоси ин сиёсатмадорро ҷиддӣ нагиранд ва он ҳеч рабте ба мавқеи расмии Русия нисбати Тоҷикистон надорад. Ин аст, ки интизор меравад ин дафъа Душанбе изҳороти Жириновскийро сарфи назар кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |