Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқоти Фаррух Ҳамралиев бо Йоханнес Бушмаер, директори ширкати байналмилалии консалтингии «AFC Consaltants International» баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат, зимни нишаст масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ байни корхонаю ширкатҳои ҷумҳурӣ ва ин ширкати бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки ширкати мазкур омода аст бо корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти сарфаи нерӯи барқ дар бахши хусусӣ ва таҷҳизотҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҳамчунин, Йоханнес Бушмаер изҳор намуд, ки ширкат омода аст ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони болаёқат дар соҳаҳои мазкур кӯмаки худро расонад. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мубодилаи афкор намуданд, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр