Бахшҳо

30 000 сомонӣ ҷаримаи Тутубалина барои ҳарфҳои Ленин (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард.

Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, “Азия-Плюс” вазифадор аст, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намояд. “Додгоҳ ба хулосае омад, ки даъвогарон шомили табақаи зиёиён буда, мақолаи Олга Тутубалина нисбат ба онҳо таҳқир ҳисоб мешавад”,-гуфт ӯ.

Хонум Ҷобирова илова кард, Олга Тутубалина ва "Азия-Плюс", инчунин, ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, ки мегӯянд, баъд аз хондани матлаби ӯ зарари маънавӣ дидаанд, 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт мекунад. Худи Тутубалина баъд аз эълони қарори додгоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, интизорияш бароварда нашудааст. Ӯ афзуд, бо вакилони мудофеаш машварат карда, сипас тасмим хоҳанд гирифт, ки аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд, ё на.



Иноят Иноятов, яке аз вакилони мудофеи Олга Тутубалина, мегӯяд, хулосаи додгоҳ ба ҳолатҳои воқеӣ мухолифат мекунад. “Ман пурра бовар дорам, ки додгоҳ ҳалномаро мустақилона набаровардааст. Мо, албатта, нисбат ба ҳалнома шикоят мекунем. Ин ҳалнома комилан ғайриқонунӣ ва бе асос аст”,-афзуд ӯ.

Қаблан, ҷониби даъвогарон дар додгоҳ баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад. Даъвогари асосӣ дар ин баҳс -- Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст.

Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Мӯҳр
антизиёдатиҳо
Аҷаб додгоҳе аҷаб додрасе ва аҷабтар ҳукми додгоҳ! барои хондан ва зарари маънави дидан даҳ ҳазор доллар
бизнеси хуб ва даромади МУФТ!
мо солҳост ҷон меканем 10 ҳазор доллар ҷамъ намешавад пас ман ҳам ходам ва зарари маънавӣ дидам
агар мегуед онҳо зиёӣ буданд ва ман чӣ!? мегуям агар онҳо бо ин иддиъо ки бо хондани мақола 10 ҳазр зарар кардем пул кор мекунанд пас ман суперзиёӣ ҳастам
албатта барои ман чандин сол аст, ки ЗИЁӢ мутародиф шудааст бо ТАМАЛУҚКОР

Доно
Зиёии точик хар руз аз хукуматаш тахкир мешунавад муяш хам намехураду боз даъвои зарари маънави шудааст. Мо ба ки шикоят кунем, ки шогирдони Абдиева хамаруза даххо нафарро бадтар касал мекунанд ё аз бедониши мекушанд? Ба худи Абдиева? Аслан зиёии точика худаш киву даъво кардаш чи. Мо кай зиёи доштем, хар касе зиёии вокеъи буд, барвакт аз Ватан рафт мисли Барзу.

Рачабов Рахматов ва Абдиева баьд аз хондани макола зарари манави диданд Ва ба онхо бояд 10000 сомоони диханд Яъне масьалаи пул аст инчо Агар онхо хакикатан интилигент мебуданд онхо талаб мекарданд то Оля бахшиш пурсад Лекин ба онхо пул даркор Ин чи бемаьнигист Хозир харяк аз ин зиёиёни гавно зарари манави гуфта метавонад аз Тутубалина пул талаб кунад Хулоса судя бесавод Озодагон аз шумо хохиш дар ин масьала канорагири накунед ва хомуш наистед Шояяд бади имруз нюсс ва азия + навбати шумо бошад

Чарима барои харфхои Ленин! Нимшуию чидди!!!!!!! Агар Олга Тутубалина аз асари илмии В,И, ЛЕНИН (дар кори илми ва барои журналистон ин амал роич аст) барои таквияти суханаш иктибосе истифода бурда бошад, пас намоиши "Чи бояд кард"-и шабакаи якуми Точикистонро (давлати) чи хел бояд фахмид? Асари машхури Ленин "Чи бояд кард". Пас иктибос не, истифодаи пурраи номи асари ЛЕНИН (коммунист) "Чи бояд кард" (дузди дар рузи равшан, хукуки муаллиф кучо шуд?) ШАЪНУ ШАРАФИ зиёиёни баруманди халки точик (шомили табакаи зиёиён)-ро паст намезанад?! (Аскаралиро рухи Ленин боз хам куртар мекунад ва Хикмат Рахмати машукабозда гап нест, ба мисли Дилбарбону...)
Бинобар ин таклиф дорам, ки муаллифи намоиши "Чи бояд кард" ва шабакаи якум ба суд кашида шаванд. Чи гуфтед, зиёиён ва додгустарони мухтарами доною ОДИЛ!

Ser
Ин Судяву ин Аскарали Рачабову ин Хикмат Рахматову ин хонуми "интелегент" Дилбар Абдиева бо чунин хукму чунин рафтори "зиёиёна" бори дигар бузурги ва хаккикати кул будани суханони Дохии пролетариати Чахон - бобои Володя Уляновро, ки " "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" гуфта буд, исбот карданд. Эх Оля, Оля....А ты сказала что правда на ваше стороне..Вот теперь тебе "правда об интеллигенция"....

Ноинтилигент
Респект Тутубалина! Як 30 хазор арзиш дорад!

Аслишо
Ман хайрони нафароне хастам, ки Точикони худ мондаву тарафи нафареро мегиранд, ки тамоми зиёиёни Точикро тахкир кардааст. Зиёй нафаре хаст, ки мову Шуморо илм омухтааст, навиштанро ёд додааст, Ватанпарвариву ватандустиро омузонидааст, илмхои чахониро омузонидааст.... Магар шарм намедоранд нафароне, ки баъди ин тарафи нафареро мегиранд, ки тамоми зиёиёнро ба начосат баробар кардааст. Агар у хак бошад пас рафта дар хакки зиёиёни рус чунин сухан гуяд канй бинем чи кораш мекунанд??? Биёед акаллан дар хамин Точикистонамон хукуки Точиконро химоя кунем!

Аслишо ту худат асолати худатро медони ё худатро ба нодони мезани. суханонеро, ки Оля иктибос овардааст, Ленини рус навиштаги. Ва ин суханон барои зиёиёни руи олам дахл дорад (бовар накуни, аз пиронсолоне пурс, ки асархои Ленинро кониспект мекарданд). Писчтаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад...

Мухаммад
Сад фоиз дуруст аст, дар хакки зиён тахкир кардан тахкир ба миллат аст, агар ин хонум точик мебуд ё шукрона мекард, к нону намаки Точикистонро мехурад, ба тахкири миллати точик даст намезад! Суд бояд аз ин бештар маблаг меситонид, доираи русзабонхо то холо тахкиру паст заданхоро нисбат ба миллати точик кам накардаанд.антизиёдатиҳо,
антизиёдатиҳо,

хакикатгуим бегараз
ягона карори одилонаи додгох дар тули шояд 22 соли сохибистиклоли бошад ин журналиста ки хак додааст ки офаридахои Худои Бузурга ба начосат баробар кунад худашу хаму ленинаш одамгари надоранду бо дигарора бахо метиян бо хеч вачх инсон инсонро набояд ба начосат баробар кунад мухтарам рахгумзадахои тарафдорои тутубулина фахмо

Хайфи ин миллат! То дарачае омадаем, ки хатто гух "гавно" (узр ки ин калимаро мачбур шуда навиштам) номиданамонро паст задани шаъну шараф намехисобем. Муаллифи рус Моро дар Ватан ба гух баробар кардааст, хама хап гуе ин калима маънои мусби низ дошта бошад. Ое мо дар Россия чунин гуем, Моро махкум намекарда бошанд?
Падарони Амрико озодии суханро дар доираи одоб ва акли инсони эътироф карда буданд, на дар хар шакл. Ман фикр мекунам, ки чунин шахсро бояд чамъият махкум мекард. Бояд волидон, хешовандон, хамсоягон, хамсинф, хамкурс ва хамкорон тарзе рафтор мекарданд, ки у бидуни бахс дар бораи тахкири оммавии кардааш раддия навишта, узр мехост.
Мухтарам интелигенсия, хохиш мекунам, ки дар тахкир гаштанашон бетараф набошед.

Dev
точикча,
Bijo suhanhoi tamomi buzurgonu nobuzurgoni tarihro jam kunamu harruz baroyat havola kunam...hudro sangzada(tahkirshuda) hisob namekuni ? Olgahon boyad ba dahoni besarhadash javob guyad , u garchande dar Tojikiston tavallud shudaast , vale boyad faromush nakunad,ki in davlat chi madaniyat doradu chi farhang...Kujo hondam:"Ba tahkiri shvedho , fakat shvedho hak dorand", tak chto ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)