Абдуқаюми Қаюмзод аз Маркази бемориҳои қалб мураххас шуд

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, нисфирӯзи 24 феврал аз Маркази бемориҳои қалби Қарияи Болои шаҳри Душанбе мураххас шудааст. Табибон мегӯянд, Қаюмзод тӯли як моҳ таҳти муоинаи онҳо қарор дошта, дар манзилаш машғули табобат хоҳад буд.
Худи журналист дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло вазъаш беҳтар шуда, аз он ки дар канори наздиконаш қарор дорад, хушҳол аст. “Ҳоло аз бемориҳо тақрибан асаре намондааст. Хушҳолам, ки дар канори аъзои хонаводаам. Худамро хуб ҳис мекунам ва дигар ҷои ташвиш намондааст”,-афзуд ӯ. Нафасгирии Абдуқаюми Қаюмзод шаби 18 ба 19 феврал мушкил шуда, баъдан ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфта буд. То нисфирӯзи 19 феврал вай дар “корпус”-и панҷуми ин бемористон буд ва сипас дар шуъбаи наҷоти “корпус”-и ҳаштум, яъне бемориҳои дил, ҷойгир шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, барандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, аз соли 2001 то моҳи декабри соли 2012 ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо баъдан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.
Ин рӯзноманигори тоҷик баъд аз чанд муддати бекорӣ дубора дар нашрияи тозатаъсиси “Ҳафта” ба ҳайси муҳаррир ба кор оғоз кард. Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъд аз чопи шумораи нахустини нашрия, ки дар он сӯҳбати Мӯъмин Қаноат бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, шаҳодатномаи ин нашрияро лағв кард. Худи рӯзноманигор дар суҳбат бо “Озодагон” далели ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, гуфта буд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |