Дар фурудгоҳи шаҳри Уши Қирғизистон як узви Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шудааст, ки дар терроризм муттаҳам мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Уш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда Ю.А. 32 сол дошта, омодагии ҳарбиро дар музофоти Вазиристони Покистон гирифтааст. "Пасон ба Туркия рафта, шаҳрвандони Қирғизистонро барои ҷанг ба тарафдорӣ аз мухолифони Сурия таблиғ кардааст. Ӯ аз Туркия ба Русия ва аз онҷо ба Уш парвоз карда, дар фурудгоҳ боздошт гардид",-афзудааст РУД.
Дар ҳоли ҳозир дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мӯҳр