Рустам Комилов мегӯяд, "гӯши Тешаевро касе набуридааст"

Мақомоти Тоҷикистон гӯиё мавриди шиканҷа қарор гирифтану бурида шудани гӯши Умед Тешаевро, ки дар куштори полковник Умар Қаюмов -- раиси зиндони Кӯлоб муттаҳам мешавад, бе асос донистанд.
Рустам Комилов, муфаттиши парвандаи куштори Қаюмов, рӯзи 24 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “касе айбдоршавандаро латту кӯб накардааст. Ман чанд бор ӯро бозпурсӣ кардам ва касе нисбат ба ӯ зӯроварӣ накардааст. Вазъи саломатияш хуб аст ва осори шиканҷа дар ӯ дида намешавад.” Комилов таъкид кард, Умед Тешаев бо вакили мудофеъ таъмин аст, ки метавонад мунтазам аз ҳоли ӯ хабар гирад. “Айни ҳол тафтишоти қазия идома дорад ва мо наметавонем ҷузъиёти дигарро ифшо кунем”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Умед Тешаев аз истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ хабар дода, аз Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа хостаанд, ба қазияи Тешаев расидагӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, Тешаев баъд аз куштори Умар Қаюмов мавриди шиканҷа қарор гирифта, “ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад”. Ҳатто аз он дар ташвишанд, ки фарзанди онҳо ҳоло зинда аст, ё не. Вакили мудофеи Умед Тешаев ҳам ба наздикони ӯ гуфтааст, ки дастони нафари таҳти ҳимояташ варам кардаанд.
Феълан алайҳи Тешаев бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан, парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қазия иттилоя пахш намуда, гуфтанд ин ҳодиса соати 15:40-и 16 феврал дар утоқи кории полковник Қаюмов рух додааст. “Маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Умар Қаюмов, сардори зиндони шҳари Кӯлоб, беш аз 12 соли охир дар ин мақом буда, қарор будааст соли оянда бознишаста шавад. Вай соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |