Таъхири эълони қарори додгоҳ. Тутубалина: "Ҳақ бо мост" (ВИДЕО)
Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” изҳори умед кард, ки додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар баҳси як гуруҳ зиёиён бо ӯ қарори одилона хоҳад баровард. Ӯ, ки баъд аз зӯҳри 24 феврал бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, ҳақ ба ҷониби онҳост ва инро намешавад рад кард.
“Бисёр умед дорам, ки додрас қарори одилона содир мекунад. Ҳатто дар ин масъала ҳуқуқшинос будан зарур нест, ки ҳақ бо мост”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хонаи машваратӣ рафта, эълон кард, ки қарорашро соати 9:00-и 25-уми феврал эълон хоҳад кард. Қаблан, ҷониби даъвогарон дар додгоҳ баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад.
Даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |