Таълими хатти форсӣ ва фиқҳи ҳанафӣ барои 500 муҳоҷири тоҷик

Исломшинос Хайриддини Абдулло ин шабу рӯз барои беш аз 500 муҳоҷири тоҷик дар Русия хатти форсӣ ва фиқҳи ҳанафиро меомӯзонад. Ӯ мегӯяд, баъд аз талошҳои номуваффақаш дар Тоҷикистон иқдом намудааст, ки давраи омӯзиши хати форсӣ ва таълими Қуръону асосҳои мазҳаби ҳанафиро дар Русия таъсис диҳад.
“Ин корҳое, ки барои миллатам анҷом медиҳам, дар кишвари худам натавонистам, амалӣ намоям. Дар зодгоҳам -- Норак ҳатто баъзе аз домуллоҳои муҳтарам зиддият нишон доданд. Мақомдорон бошанд, борҳо ба кӯшишҳоям ситеза намуда, гуфтанд, Тоҷикистон ба хатти порсӣ ниёз надорад, ҷойи хатти форсӣ дар Эрону Афғонистон аст, рав дар он ҷо дарс бидеҳ. Маҷбур шудам, дубора ба Маскав оям ва имрӯз дар Маркази фарҳангии ба номи Форобӣ нақшаҳоямро амалӣ мекунам”,-афзуд Хайриддини Абдулло.
Мусоҳиби мо илова кард, ҳамарӯза баъд аз анҷоми соати кории муҳоҷирон ба биноҳои бузурги Маскав рафта, суханрониву мавъиза мекунад, то муҳоҷирон аз дину мазҳабу таърихи худ огоҳ гашта, ба равияҳое, назири салафияву шиаву ваҳҳобия, гаравиш пайдо накунанд. Хайриддини Абдулло мегӯяд, тамоми ин корҳое, ки анҷом медиҳад, қонунӣ буда, ходимони умури дин ва маорифи шаҳри Маскав низ огоҳ будаанд. “Толибилмон пас аз хатми курси омӯзишӣ соҳиби гувоҳнома мешаванд. Мо ҳоло дар фикри таъсиси мактабе ҳастем, ки дар он ба ғайр аз забони форсӣ ба барномаи таълимии сарф ва наҳв, ҳофизшиносӣ, маснавишиносӣ, равоншиносӣ ва дигар дарсҳои муҳим низ омӯзонда шаванд”,-мегӯяд ӯ.
Хайриддини Абдулло, мушовири Идораи муфтиёти шаҳри Маскав ва роҳбари идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик буда, яке аз фаъолони ҳаракатҳои зидди ваҳҳобия ва салафия дониста мешавад. Ӯ дар маҳофили уламои исломии Русия низ бештар бо мақолаҳояш алайҳи ҷараёнҳои тундгарои исломӣ маъруфият пайдо кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |