Бахшҳо
24 фев 2014 18:45Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Амрико аз маҳдудияти дастрасӣ ба сайти “Озодӣ”

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз маҳдудияти дастрасӣ ба торнамои “Озодӣ” тавассути баъзе аз ширкатҳои интернетрасон интиқод карда, онро боиси нигаронӣ хондааст.

Дар ин изҳороти сафорат, ки бегоҳи 24 феврал пахш шуд, омадааст, “мо пайваста нигаронии худро дар бораи маҳдудияти шабакаҳои интернетӣ ва баста шудани сомонаҳои хабарӣ бо ҳукумати Тоҷикистон матраҳ кардем.” Дар идома мехонем, “дар баҳси озодии интернет, Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори шаффофият аст. Вақте идеяҳо маҳдуд ва ё масдуд мешаванд, иттилоот аз байн меравад, андешаҳо саркӯб мешаванд, ҳамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан маҳрум мешавем.”

ДАРХОСТИ ПРЕЗИДЕНТ

Кевин Клоуз, президенти Радиои Озодӣ бо нашри номае аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки дастрасӣ ба торнамои бахши тоҷикии ин радиоро барқарор кунанд. Дар ин баёнияи Клоуз гуфта мешавад, ки "дар дохили Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод, ки дар инҷо ҳамчун Радиои Озодӣ маъруф аст, аз 15 феврал ба ин сӯ масдуд шудааст. ​​Ин масдудсозӣ, ки вуруд ба ин сомонаро аз сӯи 4 ширкат аз 6 ширкати бузурги дастраскунандаи Интернет қатъ кардааст, ҳамзамон бо пӯшиши ҳаводиси Украина аз тарафи Радиои Озодӣ бо шумули пахши зиндаи ҳодисот, ки барои аудиторияи маҳаллӣ аз тариқи матбуоти давлатии Тоҷикистон ва матбуоти русзабон имкон надошт, иттифоқ уфтодааст.”

Президенти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи кишвар даъват кардааст, “то ҷиҳати бардоштани ҳар навъ монеа аз роҳи барномаҳои Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод ва эҳёи дастрасии бемамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилои мустақил тамоми чораҳои лозимро биандешанд.”

ВОҚЕАҲОИ УКРАИНА “ОЗОДӢ”-РО ДАСТНОРАС КАРД?

Масъулони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ-Радиои Аврупои Озод рӯзи 24 феврал эълон карданд, ки рӯзҳои охир дастрасӣ ба торнамоҳои ozodi.org ва ozodi.tj дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст. Хуршеди Ҳамдам, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло тариқи бисёре аз ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон, аз ҷумла “Билайн”, “Сатурн Онлайн”, “Тоҷнет” ва “Babilon” сомонаи “Ozodi.org” ва “Ozodi.tj” боз намешавад ва аксари хонандагонашон аз филтршиканҳо истифода мекунанд.

Ӯ афзуд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба муроҷиаташон дар мавриди омилҳои маҳдуд гардидани дастрасӣ ба сомонаи “Озодӣ” ҷавоби мушаххас надодааст. “Аз ин ниҳод гуфтанд, мо мебинем ва баррасӣ мекунем”,-афзуд ӯ. Мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе аз қавли бархе аз соҳибназарон, яке аз фарзияҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба “Озодӣ”-ро, пайгирии ҳаводиси Украина гуфт, ки тариқи пахши мустақим дар сомона инъикос мегардид. “Мо ягон чизи зиёд нанавиштаем, танҳо рисолати журналистиамонро иҷро кардаем”,-таъкид намуд Хуршеди Ҳамдам.

Масъулини “Озодӣ” мегӯянд, бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаашон маҳдуд мешавад: “Дар аввали моҳи гузашта низ сомонаи "Озодӣ" маҳдуд шуда буд ва мақомот онро ба корҳои профилактикӣ ва сабабҳои техникӣ рабт дода буданд.”

ФАРЗИЯИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО

Ин дар ҳолест, ки Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, масдудияти торнамои “Озодӣ” дар Тоҷикистонро амали сохтаи масъулони он маънидод кардааст. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта, ки солҳои охир ин радио ба қавле ба дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон табдил ёфта буд ва ҳоло раҳбарияташ аз ин тариқ мехоҳанд ба Амрико нишон диҳанд, ки давлат бо онҳо мушкил дорад.

“Масдудияти навбатӣ ба он рабт дорад, ки бисёре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи кори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида муроҷиат кардаанд”,-навиштааст ӯ.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи хусусӣ ва ғайритиҷоратиест, ки аз тарафи Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Русия, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ба 28 забон барнома пахш мекунад. Сайти тоҷикии ин радио, ки тӯли бештар аз даҳ соли охир фаъол аст, аз торнамоҳои серхонанда дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хонанда
Яъне метарсанд. Ин хуб аст.

муаллим
Дастнорасии интернет дуруги нобашидани аст. Хохаш аз хутик хари газанда насозед Хуршед

гр-TJ
Оё Э.Рахмонхам бо хешовандонаш ин ходисахои Украинаро тамошо мекарда бошанд?Ба фикрам як хел сардорони Точикистон дар ин шабу рузхо дар фикри онанд,ки "если что"чихел ва ба кадом давлатхо гурехтан даркор аст.Аммо дар он рузхо пулу молашон аз сарашон бесохиб мемонад ва гурехтахам наметавонанд.

хами сайти озоди кати озодагон душмани дини исломанд инро худашон нагз медонанд радиои аврупои озод

нигох
Додоҷон Атовуллоев, роҳбари "Ватандор", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ" дар кишвар сунъӣ ва кори дасти худи роҳбарияти ин расона аст.

Вай дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълон кардааст: Бахши тоҷики Радиои "Озодӣ" баъди ин ки Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо) роҳбари ин бахш таъйин шуд, ба хадамоти мабуотии Эмомалӣ Раҳмон табдил шудааст.

Бино ба иддаои мухолифи сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон, иқдоми масдудияти дастрасӣ ба сомони ин расона, кори дастӣ роҳбарияти ин расона аст, ки бо мақсади мустақил вонамуд кардани он ба амрикоӣ аст.

Масдудияти ахирро Додоҷон Атовуллоев, ба муроҷиати як гуруҳ фаъолони ҷамъиятии тоҷик рабт додааст, ки гӯё ба Департаменти давлатии ИМА муроҷиат карда, аз вазъи имрӯзаи ин радио иттилоъ додаанд.

Додоҷон Атовуллоев дар посух ба ин савол, ки чӣ гуна метавон ин иддаоро исбот кард, ки "Озодӣ" дар хидмати ҳукумати феълии Тоҷикистон қарор гирифтааст, мегӯяд:

-Ҳар сол як бор як ҳафта кори ин ё он бахшро роҳбарияти Радио месанҷад. Махфӣ. Аммо Аббоси Ҷаводӣ ба Соҷида Ҷаъфарова ин сирро мегӯяд ва Соҷида он ҳафта радиоро «демократӣ» мекунад.

Ба мухолифин сухан медиҳад, ҳукуматро танқид мекунад ва ғайра. Ва сипас тавлид мешавад як ҳисоботи олӣ. Ва ё хокзании дигар: Ягон ташкилот тахминан ба 20 – 30 ҳазор доллар бояд назарсанҷӣ гузаронад ва сифати кори радиоро баҳогузорӣ намояд.

Мақолаҳои беҳтарин, барномаҳои беҳтарин, сифати кори хабарнигоронро муъайян бикунад ва ғайра.

Дар ин самт ҳам Соҷида Ҷаъфарова одамони худиро меҷӯяд, ки кори бахшро хуб муаррифӣ намоянд. Борҳо ин корро тавассути созмони «Зеркало»-и Қаҳрамон Бақозода анҷом медод.

Қаҳрамон – бародари дугона ва корманди бахш Хиромон Бақозода аст, ки он чи Ҷаъфарова мехост, ҳисобот омода мекард.
Ва роҳбарияти радио онро хонда, каф мекӯфт.

Дар фаъолияти «Озодӣ, дар равнақи ин радио журналисти варзида Мирзонабии Холиқзод, ки мудири бюро дар Душанбе буд, хизматҳои бузурге кардааст.

Воқеан ҳама ӯро ҳам аз ҷиҳати одамият ва ҳам аз ҷиҳати касбият ва ҳунар камназир мешуморанд. Аммо Соҷида Ҷаъфарова ӯро аз рохбарии бюро аз кор гирифт, ба ҷояш ҳамшаҳрии худ- Хуршед Ҳамдамовро нишонд.

Вазифаи Хуршед чун шахси боэътимоди Соҷида контроли бахш, робита бо наздикони Соҷида Ҷаъфарова ва иҷрои супоришхои «хоса» аст. Мисли ин "блокировка".

Дар бораи муроҷиатҳо ба "госдеп"-и ИМА: Вақте беҳтарин журналистон, аз кор дар ин радио ронда шуданд, обрӯи он рехт ва радиоро ба "Ховар"-у "Ҷумҳурият" бадал кард, номаҳои зиёде ба роҳбарияти радио, сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Департаменти Давлатии Амрико навишта шуданд, ки нусхаи баъзе аз онҳо дар дасти ман ҳаст, -мегӯяд Додоҷон Атовуллоев.

РУСТАМ
Ман аслан тарафдори озодии сухан хастам, аммо бо бовари гуфта метавонам, ки сомонаи "Озоди" вокеан хам, сомонаи чосусист ва хар як маълумоте ки дар ин сомона пахш мешавад, маълумот барои амрико мебошад. ИМА дар тамоми олам чанги иттилооти бурда истодааст ва ба худ шиоре (озоди) хам мондаанд, ки метавонад, мардуми зудбоварро ба чанги хамдигар барорад ва фоидае бештар аз ин чанг гирад.

Shohin
Masoili dokhilii moda chi dakholati mekunand.... Shaytonhoi insi

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)