Баҳси “CASA 1000” дар сӯҳбати Раҳмон бо Ҳоугленд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбате, ки бо Ричард Ҳоугленд -- муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дошт, мавзӯи CASA 1000 – ро баррасӣ кардааст. Ин сӯҳбат рӯзи 24 феврал дар Душанбе баргузор шуд.
Ҷузъиёти сӯҳбати Раҳмон бо Ҳоугленд дар масъалаи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ифшо нашудааст. Вале ахиран дар Вашингтон Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон созишнома дар бораи лоиҳаи CASA 1000-ро ба имзо расонданд.
Бар асоси ин созишнома, Қирғизистону Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистон ҳамасола 700 мегаватт нерӯи барқро интиқол медиҳанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти рӯзи душанбе, инчунин, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва оқибати хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар таваҷҷуҳ шудааст. Манбаъ мегӯяд, дара ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории ду кишвар низ баҳс шудааст.
Ричард Ҳоугленд дар гузашта сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |