Ҷавоби Басбӣ Холова ба вакилони Зайд ва тарафдорияш аз Абдулхайров

Басбӣ Холова, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз он ки то ҳол матни ҳукми зиндони Зайд Саидов дастраси вакилони мудофеаш нашудааст, ҳимоят карда, онро қонунӣ хондааст. Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ифшо нашудани ҷузъиёти он матни ҳукмро дастрас хоҳад кард.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, муовини раиси Додгоҳи олӣ ин амали Абдулхайровро “дар доираи қонун” донистааст. Ӯ гуфт, “мо аз болои шартгузории Шавкат Абдулхайров ба Додгоҳи олӣ шикоят кардем. Чун ӯ аз мо хоҳиш кард, ки баъд аз гирифтани ҳалнома зери санад имзо гузорем, ки дар сурати ифшо кардани ҷузъиёти он нисбат ба мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Ин амали ғайриқонунӣ ҳаст. Аммо муовини раиси Додгоҳи олӣ ба мо ҷавоб дод, ки дархости Шавкат Абдулхайров дар доираи қонун аст.”
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки масунияти вакили шаҳриро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, қаллобӣ, ришват, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, моҳи декабри 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум намуданд. Вакилони мудофеи Зайд Саидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва ҳоло низ ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ пофишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷаноби Саидов дар ҳеч кадом аз иттиҳомоте, ки мақомот ба номи ӯ пайванд медиҳанд, даст надорад. Вале худи ӯ ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, агар маҳкумияти ӯ ба наъфи миллат ва суботи ҷомеаи тоҷик зарур аст, пас, ӯ метавонад зиндонӣ бошад.
Бо гузашти ду моҳ аз замони эълони ҳукми Зайд Саидов вакилони мудофеи ӯ то ҳол натавонистаанд матни ин ҳукмро дастрас кунанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурати дастрас шудани матни ҳукм рӯшан хоҳад шуд, ки нафари таҳти ҳимояти онҳоро ба чӣ далеле барои 26 сол равонаи зиндон кардаанд ва баъдан шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |