Боздошти сокинони Бадахшону Душанбе бо лаълу зумраду ёқут
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини вилояти Бадахшон ва як сокини Душанбе хабар дод, ки дар додугирифти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми кофтукови шахсии сокини ноҳияи Шуғнон, Сайфиддинов Шавкати 24-сола аз ӯ 155 адад сангҳои қимматбаҳои «лаъл» вазнашон 104, 38 грамм, 132 адад «ёқути сурх» вазнашон 71,7 грамм, 8 адад «ёқути кабуд» вазнашон 4,38 грамм, 7 адад сангҳои сабзи қиматбаҳои «зумрад» вазнашон 7,72 грамм, 18 адад сангҳои қиматбаҳои сабзчатоб вазнашон 19,81 грамм, 7 адад сангҳои табиии «гиотсид», 1 адад санги табиии «флюотсид» вазнаш 317, 73 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин бо ҷурми даст доштан дар амали ғайриқонунӣ сокини пойтахт Баҳромов Зуҳур, соли таваллудаш 1958, дастгир карда шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ў 172 адад бо вазни умумии 72, 37 грамм сангҳои қиматбаҳои «лаъл» ва 3 адад «ёқути сурх» бо вазни 7,26 грамм дарёфт ва мусодира гардид.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо зикри ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса, таъкид мекунад, ки “тибқи моддаи 284-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |