Истирдоди корманди “фирорӣ”-и ҳукумат аз Русия ба Душанбе
Додгоҳи шаҳри Елтси Русия қарор кардааст, собиқ корманди ҳукумати маҳаллии Тоҷикистон, ки дар бозҷӯии байналмилалӣ қарор дорад, ба Душанбе истирдод шавад. Бар асоси иттилои додситонии шаҳри Елтс, собиқ корманди ҳукумати маҳаллии Тоҷикистон дар он муттаҳам мешавад, ки бо роҳи қаллобӣ аз як сокини маҳаллӣ 5 ҳазору 600 доллар гирифта, гурехтааст.
Масъулони додситонии Елтс мегӯянд, ҳангоми таҳқиқи қазияи истирдод, боздоштшуда изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон мавриди таъқиби сиёсию динӣ қарор надорад: “Ин аст, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ додситонӣ аз додгоҳ хост, боздоштшуда ба Тоҷикистон истирдод шавад.”
Манбаъ афзуд, дар Тоҷикистон ин шаҳрванд метавонад то 12 сол аз озодӣ маҳрум гардад, дар ҳоле ки қонунгузории Русия барои чунин як ҷиноят ҳабси бештар аз 1 солро пешбинӣ намудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |