Бахшҳо
24 фев 2014 09:29Тоҷикистон / Сиёсат

Додарарӯси президент раиси нави Қӯрғонтеппа таъин шудааст

Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз мақоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон барканор шуда буд, ба курсии шаҳрдори Қӯрғонтеппа нишастааст. Як манбаи “Озодагон” рӯзи 24 феврал гуфт, ҳоло ҷаноби Холов ба ҳайси раиси маркази маъмурии Хатлон ба кор оғоз намудааст.

Ӯ дар мақоми шаҳрдори Қӯрғонтеппа Самӣ Шарифро иваз кард, ки ҳоло раҳбарии муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғунро ба ӯҳда дорад. Самӣ Шариф аз ин пештар ба ҳайси раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ кор кардааст.

Амирулло Холов моҳи майи соли 2012 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъин шуда буд. Ӯ тобистони соли 2013 дар як нишасти хабарӣ аз пешниҳодҳо дар бораи ҳазфи вожаи “Ислом” аз номи Ҳизби наҳзат пуштибонӣ кард. Ӯ дар ин нишасти хабарияш аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар ин бобат мусоидат намоянд: “Ҳар як нафар хато мекунад. Чи хеле домулло Абдурраҳим, ки қумандони собиқ оппозитсия буд, хеста бахшиш пурсид. Гуфт, ман дар назди миллат ва сардори давлат хато кардам. Дар ин бобат бояд - шумо рӯзноманигорон низ мусоидат кунед. Диндор кори худ, ислом кори худро бояд кунад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шукрона кунед ки авлодхои ман дар мансаб хастанд.

Абдурахим акнун хато кард то киёмат тавба кунад гунохи вай нобахшиданист. Ба хотири тангаи дунё монанди Бозори собир динашро фурухт! Ин вожаи Ислома худохохад гирифта наметавонад. Зури бехуда миёнашонро мешиканад. Дин аз давлат чудо мегуянду дар кучо калимаи Ислом бошад нобуд кардани мешаванд. Мунофики аз ин зиёда намешавад!

Ана демократия,аз вазифаи паст ба боло танхо барои хешу табор боз шарм надошта кадрхоро аз нав кардем меган.

халк мара интихоб кард гуфта хешу таборотона, да вазифа мондангире ку чимешава.

Хар як нафар хато мекардааст- ба гуфти ин чаноб, пас Абдурраҳим, ки қумандони собиқ оппозитсия буд, хато андар хато кард ки ...

шариф
"Ба ахли авлод хама чиз- ба дигарон конун" Э.Рахмон

Инаш боз аз кадом пайдо шуд.

румй
он тарафаш дахмарда ки раиси шахр шуд иктисодиёта аз кучо мефахама кадом донишгох ва ё донишкада диплома гирифтааст

Табрик як бори дигар ба ин мансаб нишастани Шуморо табрик мекунам устоди азиз ман умедворам, ки шумо дар шахри Кургон-Теппа ё ба гуфти мардум КУрган дар бораи ин шахр достоне хохед навишт... Ман пешниход мекунам ки Шумо номатонро милли гардонед чун Амирулло Холзода. Мири шахри бостонии Леваканд. Зинда бод истиклолият, зинда бод ВААААХХХ ДААААТТТ, зинда бод мухочирати одинахои асри 21 ва зинда бод шамъи хонахои мардуми дехот....
Як бори дигар ташаккур устод. ин сатрхоро ба шумо мебахшам Устодам:
Тагою язнаат садсола гардад, Даруни чайби ту пул хона гардад...Ту мири шахри зебои диёри, Диёри нозанинам зинда гардад.

Дастакаш =дароз= будааст. Аз Куган истода, бо Убайдулоев забон як карда, бозорхои чумхуриро конрол мекунад. Боз хочи будааст ва хамниши Домуло Саимукаррам. ЧО аз субх то шом кабул мекунаду гусел. ЧОро фиреб медиханд.

чаппаев
чаро фармони холовро дар оинаи нилгун нахондонд ки аз нохияи румй гирфта шуд ба шахри кургонтеппа монда шуд ё нафахманд ки дадари апаи азимо мебошад о фахмиданд ку

Чумхурии Точикстон неву ҶДММ ТОЧИКИСТОН номаша мондан даркор ..давлат шахси шудестай охиста охиста !!!

ғариб
ай киҷо меёван ин ??!! Илоҳи тоба агар ҳамин презденд агар прездент намешид ҳамиқа хешутабор медошт? 99 фоизи ҳаминое ки имруз аз номаш мехрану мешапан саломша алек намедодан

Хосият
Бародарони азиз!Чаро шумо фикр мекунед,ки Чаноби Оли танхо хешону таборони худро дар вазифа мегузорад,ин фикр шумо галат аст.Хамагон медонем, ки имруз аз тамоми манотики ЧТ кадрхои болаёкат ба кор даъват шуда истодаанд ва шумо хамаи инро ба хешу табории Чаноби Оли нисбат надихед.Мухим ин ки кадрхои кордон ба кор чалб карда шудаанд ва барои ободии кишвари азиз захмат кашида истодаанд ва барояшон бурдборихо хохонем.

ШУМО БАРОДАР ХОЛОВ ЗЕБИ РАИСИ КОЛХОЗ, САВХОЗ, БРИГАДИР, САРПОДАБОНИРО ДОРЕД. ШУКРОНА КУНЕД, КИ ДОДАР АРУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН ХАСТЕДУ БА ЧУНИН ВАЗИФА РАСИДЕД. ХУБ МЕШУД, КИ БА ДИНУ ОЙИНИ МАРДУМИ МУСАЛМОН КОРДОР НАШАВЕД. ИН ЯК ХИДОЯТ БА ШУМО АЗ ЧОНИБИ НАОЯНДАИ МАРДУМИ ЧАБРДИДА. БО ЭХТИРОМ!!!!!!!

Хосият хам аз ХАМОН авлод боша чи. Солои ссср муовинои асоси ва чойхои пулдорду равганира русода мемоданд. Дигарора хам вазифа медоданд ва дар бюрои райкому обком ва ЦК рапорт медоданд, ки бинед хама баробар. И методи АКАМОН хамон метод аст, ки шатаашро Брежнев хурда буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)