Парвандаи Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев барои узвият дар Ансоруллоҳ
Маъмурони пулиси Тоҷикистон ду сокини ҷавони Истаравшанро ба иттиҳоми узвият дар ҷамоати “Ансоруллоҳ” боздошт кардаанд.
Ба қавли масъулини Вазорати умури дохилӣ, Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев гӯиё узви Ҷамоати Ансоруллоҳ буда, ба ҷонибдории таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон таблиғ мебурдаанд. Ба иттилои манбаъ, Мансур Маъмуров, ки ба қасди таҳсил дар Димишқ ватанро тарк карда буд, дар даргириҳои Сурия аз сӯи мухолифин алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар иштирок кардааст.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Наим Маъмуров, падари Мансур аз амали писараш бохабар шуда, барои бозгашташ ба ватан исрор кардааст, вале ба натиҷае нарасидааст. “Баъд аз нокомии худ барои бозгардонидани фарзандаш аз Сурия ба ватан, Наим Маъмуров худро ба дор овехтааст”,-афзуд манбаъ. Дар гузорише, ки дар ин бора шоми 21 феврал тавассути телевизионҳои Тоҷикистон пахш шуд, инчунин, номаи падари Мансур намоиш дода шуд.
Исфандиёр Алиев, сокини 21-солаи Истаравшан низ ба гуфтаи мақомоти қудратии тоҷик таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои Покистон буда, зери таъсири гуруҳҳои ифротӣ ба ин ҷамоат шомил шудааст. Худи Исфандиёр дар навори видео, ки тавассути мақомот сабт шудааст, гуфт, ки як амак ва бародараш низ шомили гуруҳҳои ифротӣ буда, ӯ ҳам мехост, мисли онҳо бишавад.
Боздошти ду сокини ҷавони Истаравшан ба гумони узвият дар Ҷамоати Ансоруллоҳ дар ҳолест, ки фаъолияти ин созмон дар ду соли пеш аз сӯи Додгоҳи олӣ мамнӯъ шудааст. Номи ин ҷамоат дар соли 2010, дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд пайдо шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ҷамоати Ансоруллоҳ як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон буда, аз сӯи “Ал-Қоида” маблағгузорӣ мешавад.Дар акс: Мансур Маъмуров
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |