Пас аз ба тасвиб расидани қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе оид ба боло бурдани нархи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум гӯруҳи корӣ дар роҳҳои пойтахт байни ронандагон санҷишҳо мегузаронад.
Зимнан,тайи ду ҳафтаи ахир барои риоя накардани бандҳои ин санад1452 нафар ҷарима карда шуданд. Ин нуқтаро Субҳон Сафиаллоев сардори ситоди назорати нақлиёт, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни нишасти навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба масоили нақлиёт дар ҳузури хабарнигорон ва масъулини ҳукумати пойтахт иброз дошт.
Бино ба гуфти Сафиаллоев, дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории якҷояи мақомотҳои марбутаи шаҳрдории Душанбе «Оиди таъмини талаботи қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти «№374 аз 23-уми июни соли равон то имрӯз «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда натиҷаҳои зеринро нишон дод: ронандаҳои бе литсензия 250 нафар, бе ҳуҷҷати ронандагӣ 81 нафар, бе муоинаи техникӣ 104 нафар, бо носозиҳои техникӣ 90 нафар, интиқоли барзиёди мусофирон 108 нафар, чароғаки сурх 34 нафар ошкор гардидаанд.
Ҳамзамон, 263 нафар аснои иваз кардани хати сайр, таваққуф дар ҷойҳои номуайян 207, бе тасмаи бехатарӣ 54, манёвр 38 , риоя накардан ба аломатҳои роҳ 38 нафар, чароғаҳои равшандиҳандаи иловагӣ 3 нафар, истифодаи телефон аснои рондани мошин 1 нафар, итоат накардан ба мақомот 13 нафар, худсарона тағйир додани ҷои нишаст 5 нафар, бе роҳхат 4 нафар, бо бори калонҳаҷм 22 нафар ошкор гардидаанд, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр