Латту кӯби раиси тарабхонаи “Садбал” аз сӯи донишҷӯён
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба иттиҳоми авбошӣ дар шаҳри Хуҷанд як гуруҳи донишҷӯёни Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод гуруҳи 5 нафара, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҳастанд, дар латукӯби раиси тарабхонаи «Садбал» ва корманди он гунаҳкор мешаванд. Манбаъ афзуд, ҳодиса рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ сурат гирифтааст: “Донишҷӯён аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ раиси тарабхона Ғафуров Абдураҳмон, соли таваллудаш 1983 ва корманди тарабхона Ғафуров Алишер, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандагони Хуҷандро латукўб намудаанд.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |