Бахшҳо

Генерал Раҳимов: Артиши мо зархаридони хориҷию хиёнаткоронро мағлуб сохт

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи тантанавии бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон сарбозону афсарони тоҷикро табрик карда, барояшон дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии Ватан муваффақият таманно кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, генерал-лейтенант Раҳимов, аз таърих ёдоварӣ карда, таъкид намудааст, ки бо гузашти солҳо кашмакашиҳои қавмӣ, хусумату душманӣ ва нотавонбинии бегонагон мардуми моро аз асли хеш дур ва адабиёту фарҳанги оламшумулро парешон сохт. Ӯ афзудааст, “давраи ташаккулёбии артиши миллӣ ба замоне рост омад, ки ҷумҳурӣ дар гирдоби ҷанги дохилӣ печида, душманони давлату миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд, ба раванди рушду инкишоф, мустақилият ва низоми муайяни зиндагӣ халал ворид намоянд.”

Вазири умури дохилӣ он рӯзҳоро барои афсарону сарбозон имтиҳони ҷиддии ҳаёт хонда, афзуд, ки он замон артиши миллӣ бар душманони миллат, зархаридони хориҷӣ ва афроди нотавонбину хиёнаткор ғолиб омада, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз ва таъмин намуданд.

Рамазон Раҳимов муътақид аст, ки давоми 21 сол Тоҷикистон соҳиби як артиши замонавӣ ва муҷаҳҳаз шуд, ки метавонад, якпорчагию амнияти кишварро сарбаландона таъмин намояд.
Мӯҳр
Facfh
сад фоиз рост гуфти, точиконро тангу дарбадар кардену шумо ачнабихо ин ватанро сохиб шуден ва мутабоки хаки кору вазифаро надорад. Руирост хаки нозидан дори.

суол ин аст,ки ин зархаридону хиёнаткорон ҳамон оппозисиюн (муҷоҳидон) набуданд магар? ё ин,ки тонку таёраҳои узбаки,ки ба кумаки инҳо омада халқи бечораи тоҷикро мекуштанд? аҷаб давре шудааст а (тавба фармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?)

Рахим
Миллатро беобуру кардед!Бекадртарин миллат дар хорича имруз точик аст!

шамс
Дар ташкили артиш ту ягон сахм надори. Дар чои таер омада шиштаед.

сухроб
ман шахсан тарафдори ин хукумат холо нестам бо хатогиву бемасъулиятиаш вале гуфти вазирро дар мавриди ба чанги дохили кашидани мардуми т очикро аз тарафи куввахойи ачнаби махсусан давлатхойи араб ки то холо аз ин нияташьон даст накашидаанд пурра тарафдори мекунам.Бародарон дар кадом мавриде карор надошта бошед поквичдониро аз даст надихед баройи он давлатхойи пайсадори араб мисли сауди ва катар кушиши доранд дар минтака махсусан дар точикистон давлати хилофати арабро барпо курнанд бе хеч вачх мо точикон намеузорем ниятхойи шуми инхо муваффак шавад.Дур наравед бубинед бо афгонистон чи кор карда истодаанд.

Чаноби ВАЗИР? Вохури бо рузноманигорон кай???

Ачоиб ин вазир киро дар назар дошта бошад? Бафикрам ин хамон гурухеро дар назар дорад ки онхо бо танкахои каримов ва спецнази Елцин бо опозится мечангиданд ва ба кишлокхо вроид мешуданду онхоро ба хок яксон мекарданд гарчанде ки. опозится хам точик буданд. Ва хамин гурухо занонро тачовуз мекарданду кудаконро сар ммебуриданд. Хозир. онхо мусичаи бегуноханд

ofarin general.hamai dushmanu jangdozonu jangxohonro nest kuned va tojiku vatanro himoyat kuned az in badbaxtho.mo bezorem az in guna toifaho.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)