Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бойиси марги як нафар шуд.
Тибқи иттилои РБДА, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес -Бенс» Хушбахт Ашӯрови 21 -сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Булоқ-Хуҷанд, дар назди деҳаи Қамичқурғон аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада пиёдагард Ҳалима Умароваи 58- соларо зер мекунад. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр