Барканории додарарӯси президент ва вазифаҳои нави Шариф Самию писари Убайдуллоев
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми феврал як қатор кадрҳои навтаъинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи итттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мансабдорони навро барои пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ, забономӯзӣ, аз худ намудани илму техникаи муосир ва таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ кардани занону духтарони бомаърифату болаёқат даъват намуд.
Дар қатори афроде, ки вазифаҳои нав гирифтанд, дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз ҷумла номбар кард:
- Маҳмадраҳим Исмоилов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. То ҳол раиси ин ноҳия Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ки аз вазифааш барканор шудааст.
- Баҳром Иззатов – Муовини раиси вилояти Хатлон;
- Лочин Файзуллоев - Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
- Гулрӯ Қаюмова – Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;
- Давлаталӣ Ҳотамов – Муовини якуми вазири кишоварзӣ;
- Руслан Шодиқов – Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Грез Қосимов – Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бибиосия Ғуломова - Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хуршед Тешаев – Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Савзалӣ Ҷаъфаров – Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шариф Самӣ – Директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун; Шариф Самӣ то ҳол раисии шаҳри Қӯрғонтеппа ва аз он пештар раҳбарии "Барқи тоҷик"-ро ба уҳда дошт.
- Файзалӣ Мирзоалиев – Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта;
- Мирзосафар Назриев – Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфраструктураи иҷтимоӣ;
Нуъмон Абдуҷабборов – Котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин Рамил Нодиров, Ҳасан Раҷабов, Шарифҷон Ҳакимзода ва Меҳрӣ Ғуломшоева дар бахшҳои ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ва Амирҷон Убайдуллоев, Барно Саидвалиева, Файзиддин Сайфуллоев, Қаҳор Ойматов, Гулизор Расулова, Муҳаммад Ҳабибов, Адҳамҷон Мирсаидов ва Нодир Мирзоев ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои навтаъсиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Амирҷон Убайдуллоев, ки дар бахши молияи дастгоҳи раисиҷумҳур вазифа гирифтааст, писари дуюми Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мебошад, ки то ҳол намояндаи Тоҷикистон дар созмонҳои молиявии байналмилалӣ буд. Адҳамҷон Мирсаидов, ки акнун ба дастгоҳи раисиҷумҳур омад, роҳбарии "Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими ҲХДТ-ро ба уҳда дошт.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “қисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз вилояти Бадахшон мебошанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |