Изҳороти муфтӣ алайҳи ҳукумати Ироқ барои "шиканҷа"-и сунниҳо
Рофеъ Рифоӣ, муфтии Ироқ, Нурӣ Моликӣ, нахуствазири кишварашро дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ миёни сокинон муттаҳам кард.
Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, Рифоӣ ҳангоми суханронияш дар парлумони Аврупо гуфтааст, ҳоло пайравони мазоҳиби аҳли суннати Ислом дар Ироқ то ба андозае қатлу боздошт ва мавриди азоб қарор мегиранд, ки ҳадду канор надорад.
Ӯ таъкид кардааст, бархе аз масъулини ҳукумати Моликӣ худсарона сокинонро боздошт ва берун аз чаҳорчӯбаи мақомоти додгоҳӣ шиканҷа ва эъдом мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Рифоӣ, амали мақомоти ироқӣ хилофи тавофуқномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Муфтии Ироқ мегӯяд, нахуствазири кишвараш хостори ба миён омадани задухурдҳои қавмиест, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад шуд.
Интиқод ва изҳороти ар-Рифоӣ дар ҳолест, ки аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Ироқ ба муҳофазаи ал-Анбор, воқеъ дар ғарби ин кишвар идома дорад. Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳамлаҳо то ин дам садҳо мардуми ин минтақа кушта шуда, беш аз 150 ҳазор нафар муҳоҷир шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |