Фишор болои шоҳидони куштори Музаффарбеков ва Сатторов: Аз шоҳидӣ даст кашед, вагарна...

Бархе аз шоҳидони мурофиаи додгоҳӣ алайҳи гурӯҳи даҳнафарии муттаҳамони қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола таҳти фишор қарор доранд.
Ин нуқтаро имрӯз, 21-уми феврал дар суҳбат бо “Озодагон” Саид Сатторов, падари Саъдӣ Сатторови кушташуда таъкид намуда, афзуд, ки ахиран афроди номаълум ба хонаи яке аз шоҳидон омада, гуфтаанд, аз шоҳидӣ даст кашад, вагарна ин оқибати бад хоҳад дошт: “Дар натиҷа ин шоҳид ба мақомоти амнияту пулис муроҷиат карда, феълан таҳти ҳимоят қарор дорад.”
Сатторов илова кард, ки ҳастанд нафароне, ки зимни тафтишот шоҳидӣ доданд, аммо аз омадан ба додгоҳ тарс доранд. Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.
Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.
Ин афрод инчунин дар куштори Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, ки 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон дода буд, муттаҳам мешавад. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола, Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.
Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков, дар оғози мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигорон, гуфт, мехоҳад, муттаҳамони қатли писараш ба бадтарин ҷазо маҳкум бишаванд: “Мехоҳам, бадтарин ҷазоро ба онҳо бидиҳанд, то бифаҳманд, зиндагӣ чист. Бачаи ман шахси кӯчагард набуд. Дар Донишгоҳи политхеникӣ мехонд. Бар илова бачаҳои мардумро таълим медод, бокс ёд медод.”
Мусоҳиби мо афзуд, “то замоне ҳастам, ин доғ аз дилам намеравад. Он ваҳшигарие, ки инҳо карданд, ягон ваҳшӣ намекунад. Аввал бехабар ба тани писарам корд заданд ва ӯро таъқиб намуда, дар таҳи купрӯк боз бо кордчаҳои гуногун ба аъзои бадани ӯ зарба заданд.” Париноз Улфатшоева дар идома гуфт, бино ба хабаре, ки дастрас кардаанд, ду тан аз муттаҳамони куштори писараш ҳанӯз боздошт нашуда, зоҳиран аз кишвар фирор намудаанд. Яке аз ин муттаҳамон, ба қавли модари Сорбон, Мубориз Муҳаббатов ном дошта, гӯиё ному насабашро ҳам иваз намудааст.
Аммо Субҳон Тошев, падари Камолиддин, яке аз муттаҳамони куштори Сорбон Музаффарбеков, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш аслан дар ин қазия айбе надорад. Ба қавли ӯ, гӯиё навори видеоӣ ҳаст, ки бегуноҳии писарашро исбот мекунад, аммо мақомот аслан ба он эътибор намедиҳанд. “Рӯзи 31 августи 2012, баъд аз ҳодисаи куштори Сорбон, ки писари ман низ дар “Бешаи палангон” буд, худам ӯро ба додситонӣ бурда супоридам. Бовар доштам, ки ӯ бе гуноҳ аст. Вале ҳоло ӯро ба курсии айбдорӣ шинондаанд”,-афзуд ӯ.Видеои баромади модари Сорбон Музаффарбеков ва холаи Саъдӣ Сатторов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |