Воридоти мошинҳои узбакӣ ба Қазоқистон манъ шуд
Қазоқистон воридоти мошинҳои арзонсифати истеҳсоли Узбакистонро манъ кард. Тибқи иттилои расонаи хабарии “Tengrinews.kz”, ин иқдом дар пайи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба талаботи Иттиҳоди гумркӣ оид ба “бехатарии техникии васоити нақлиёт” гирифта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар мошинҳои навъи “Daewoo Nexia” ва “Daewoo Matiz”, ки истеҳсоли Узбакистон мебошанд, бархе аз таҷҳизоти бехатарӣ ва сандалии махсус барои кӯдакон дида намешавад.
Ба гуфтаи намояндагиҳои “Daewoo Nexia” ва “Daewoo Matiz”, вориди ин навъи мошинҳо аз 5 январи соли ҷорӣ ба ин сӯ манъ шудааст. Фурӯшандаҳои ин навъи мошинҳо гуфтаанд, ҳолои барои онҳо маълум нест, ки дар оянда Nexia ва Matiz ба фуруш гузошта мешаванд ё не. Вале онҳо мегӯянд, ба зудӣ ба ҷои Nexia дигар навъи мошин, аз ҷумла седан Gentraро пешниҳод хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Nexia ва Matiz дар соли гузашта яке аз серхаридортарин мошинҳо дар бозорҳои Қазоқистон ба шумор мераванд: “Дар соли 2013 нисбат ба солҳои қабли мошини Nexia 10 ҳазор адад ва Matiz 13 ҳазор адад зиёд фурухта шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |