Додгоҳи маҳаллӣ Нурияш Абдураимова-яке аз раҳбарони Ҳизби Куммунисти Қазоқистонро ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, ин бонуи коммунист барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии ҳазорон нафар каргарони нафт муҷрим шинохта шудааст. Абдураимова гуфтааст, ки барои изҳори назар дар бораи вазъи кунунӣ дар тазоҳуроти эътирозии ғайриқонунии кормандони нафт ба маблағи 50 доллар ҷарима шудааст. Вай гуфтааст, полис субҳи рӯзи 11-уми август ба хонаи ӯ омада, вайро ба додгоҳи маҳаллӣ бурдааст. Дар оғоз Абдураимоваро барои созмон додани тазоҳуроти ғайриқонунӣ муттаҳам донистаанд, вале баъдтар ин ҷурмро лағв ва барои ширкат дар тазоҳурот муттаҳам кардаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр