Шикояти ҲНИТ аз болои КДАМ ва Кумитаи телевизион ба додгоҳ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 20 феврал аз болои Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурда, тақозо кардааст, ки ба ҳамагуна намоишҳои зидди ин ҳизб хотима дода шавад.
Дар аризаи шикоятии ҲНИТ гуфта шудааст, бояд ин ду ниҳоди давлатӣ бо пахши раддияе ба мардум фаҳмонанд, ки Маҳмадулло Холов, нафари муттаҳам ба таҷовузи ду ноболиғ, ки рӯзи 7 феврал тавассути телевизионҳои давлатӣ давлат намоиш ва ҳамчун узви собиқадори ҲНИТ муаррифӣ шуд, ҳеч гоҳ узвияти ин ҳизби сиёсиро надоштааст.
“Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо дида истодаем, ки давлат дар симои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», «Шабакаи аввал» ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов аз беамалии Ҳукумати Тоҷикистон... ҳуқуқу озодиҳои мо, ки дар моддаи 28-и Сарқонун оид ба муттаҳид шудан мавҷуд аст, поймол намуда истодааст”,-таъкид шудааст дар аризаи шикоятии ҲНИТ. Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, “шабакаҳои телевизонӣ бо нишон додани як корти тақаллубӣ Маҳмадулло Холовро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин гуна шахс аъзои ҳизби онҳо нест”.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.
Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |