Баҳси тунди фейсбукиҳо дар пайи “таронаи Гугуш барои ҳамҷинсгароён”
Таронаи охири Гугӯш, сарояндаи эронӣ, ки барои ҳамҷинсгароён суруда шудааст, баҳси тундеро миёни корбарони тоҷик дар Фейсбук ба вуҷуд овардааст. Аксари корбарон аз дубора зинда шудани баҳси ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи тоҷик, ки аслан ин фарҳангро қабул надорад, нигаронӣ карда, ҳатто худи сарояндаро низ зери тозиёнаи танқид қарор додаанд.
Аъзамшоҳи Ширговадӣ, корбари Фейсбук гуфтааст, ҳарчанд Гугуш барои ӯ ва дигарон як сарояндаи хубу муваффақ низ ҳаст, вале ин амалаш мухлисонашро шод накардааст. Аз сӯи дигар Сарафрози Оламафрӯз, корбари дигар, ки худро аз мухлисон ва ҳаводорони Гугӯш ном бурдааст, мегӯяд, баъд аз ин сурудаш дигар сурудҳои ӯро гӯш нахоҳад кард.
Ҷаноби Ширговадӣ бар ин аст, ки ҳамҷинсгароӣ аслан мавзӯе нест, болои он дар ҷомеаи тоҷик баҳсу мунозира кард, зеро ба қавли ӯ, дини мубини Ислом, ки 99%-и ҷомеаи тоҷик пайрави онанд, мавқеи худ алайҳи ин амалро равшан намуда, онро маҳкум кардааст: “Бинобарин таблиғи онҳо дар ҷомеаи исломӣ, бахусус Тоҷикистон ҳеч хубие надорад ва берун аз ахлоқи инсонист.”
Аз сӯи дигар, Шодмон Шодмонов, корбари дигари Фейсбук, ки ҳамҷинсгароиро як беморие беш намедонад, аз зинда шудани ин баҳсҳо ибрози таассуф карда, гуфтааст: “Аҷиб! Ин мариз гиребонгири ҷомеа гардидаасту шахсони наҷибро низ сироят намудааст...”
Вале Исфандиёри Одина, корбари дигар, ки ҳамҷинсгароиро беморӣ намедонад, гуфтааст, ҳарчанд тамоми адён нисбати ливотагароён сахтгирӣ мекунанд, вале илм мегӯяд, ин беморӣ нест, вазъияте одӣ аст, аз ҷумлаи истисноҳои табиат аст.” Ӯ мегӯяд, то чанд вақти пеш созмонҳои беҳдоштӣ дар ҷаҳон ҳамҷинсгароиро расман навъе беморӣ мешинохтанд. Аммо ба қавли ӯ, баъдан ливотагароӣ аз феҳристи бемориҳо хориҷ карда шудааст.
Шодмон Шодмонов далели аз рӯйхати бемориҳо хориҷ кардани ҳамҷинсгароиро дар ҳукми қонунӣ гирифтани он дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ медонад: “Дуруст, чӣ хеле қайд кардед, баъдан вақте ки ин падида аз ҷониби абарқудратон ҳукми қонунӣ гирифт, аз рӯйхати беморӣ хориҷ гардид...” Дар ҳамин ҳол, корбаре бо номи “Имруз Радио” низ аз пуштибонӣ шудани ҳамҷинсгароён, ки аксарият онҳоро бемор медонанд, нигаронӣ карда, гуфтааст, “фардо як педофил ҳам бо ин шева ҳимоят мешавад, як қотил ҳам.”
Аъзамшоҳи Ширговадӣ мегӯяд, пушти зинда кардани баҳсҳое, ки ҷомеаи тоҷик онҳоро қабул надорад, доираҳои манфиатдор қарор доранду барои пиёда кардани ҳадафҳои вижаи худ, зуд-зуд бо ҳар роҳ ин мавзӯъро ба баҳс мекашанд. Баҳси ҳамҷинсгароӣ миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан як соли охир баҳс мешавад. Ба ин мавзӯъ сӯҳбати як сокини Душанбе, ки худро ҳамҷинсгаро номида, аз бархӯрди номуносиби атрофиён нигаронӣ кардааст, равған рехт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |