Раҳмон ва Бордюжа: Баҳси Бишкеку Душанбе бе истифодаи нерӯ ҳал хоҳад шуд
Дар сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Николай Бордюжа -- дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) гуфта шудааст, ки баҳси марзии Бишкеку Душанбе аз роҳи дипломатӣ ҳалли худро хоҳад ёфт, на бо истифода аз нерӯ. Ин сӯҳбат рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Дар пайи тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло, Қирғизистон сарҳадашро ба рӯи Тоҷикистон баст ва сафирашро низ аз Душанбе фаро хонд. Бишкек иддао дорад, ки тирпаронӣ нахуст аз сӯи марзбонҳои тоҷик сурат гирифта ва бо ирсоли чаҳор номаи эътирозӣ посухи Тоҷикистонро хостааст.
Душанбе ҳам дар навбати худ ангушти иттиҳомро ба сӯи Бишкек дароз карда, мегӯяд, тирапронӣ аввал аз тарафи марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, сарҳадбонҳои тоҷик фақат барои ҳифзи ҷонашон ҷавоби онҳоро додаанд. То кунун чанд даври музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин бӯҳрон дар Суғду Бодканду Бишкек доир ва ахиран қарор шуд, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе гузарад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа, инчунин, вазъи Афғонистон ва дарёфти ёрии ҳарбӣ-техникии қисме аз кишварҳои аъзои ОДКБ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |