Талафоти зиёди ҷонӣ бар асари садама дар Ҳисор
Садамаи нақлиётӣ, ки пеш аз зуҳри имрӯз, 20-уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода сурат гирифтааст, 4 кушта ва се маҷруҳи вазъашон вазнин барҷой гузоштааст.
Ин итилоъро дар суҳбат бо “Озодагон” масъулини шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор таъйид карданд.
Ба иттилои манбаъ садамаи маргбор дар пайи бархӯрди мошини Jeep бо “Опел” сурат гирифта, дар пайи он се савори “Опел” ва як нафар аз Jeep ба ҳалокат расидаанд. Миёни фавтидагон се сокини Ҳисор ва як сокини Шаҳринав будааст. Манбаъ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |