Маҳкумияти ду мардикор барои қатли Мунирхон Хоҷаев, устоди ДДХ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 2 тан аз мардикоронеро, ки дар куштори устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мунирхон Хоҷаеви 49-сола гумонбар дониста мешуданд, барои 14-солӣ равонаи зиндон кардааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, 19 феврали соли равон додгоҳ Исроил Қодиров - сокини ноҳияи Восеъ ва Асанбек Давлатмамадов - сокини ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон, ки ҳамчун мардикор дар маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд кор мекардаанд, аз озодӣ маҳрум намудааст.
Гуфта мешавад, онҳо барои қатли устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунирхон Хоҷаев, ки ҳамзамон, мудири кафедраи ҷуғрофияи ин донишгоҳро бар ӯҳда дошт, тибқи моддаҳои 110 ва 249-и Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста шудаанд. «Ин ду мардикор ба устоди Донишгоҳ, ки аз маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд мегузашт, ҳамла намуда, ўро бераҳмона зери зарбу лат мегиранд ва телефонии мобилии тамғаи «Nokia»-ро бо 90 сомонӣ пул рабуда, ба самти ноҳияи Исфара мегурезанд. Дар натиҷаи зарари бардошта Мунирхон Хоҷаев дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва мақомоти зидахл бо изи гарм ин ду мардикорро дастгир менамояд»,- афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, Мунирхон Хоҷаеви 49-сола -- мудири кафедраи ҷуғрофияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шоми 4 декабри соли гузашта, дар пайи латту кӯб ҷон бохта, ҷасади ӯ субҳи 5 декабр дар яке аз истгоҳҳои маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ёфт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |