Амалиёти фаврии мақомот дар тарабхонаю дискоклубҳои Душанбе

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар тарабхонаю дискоклубҳои Душанбе, аз ҷумла дар “Фараҳноз”, “Шаҳрисабз”, ”Яккачинор”, “Русский двор”, “Зуҳро”, “Вохӯрӣ”, “Сафаралӣ Ико”, “Бешаи палангон”, “Сапеда", “Қанд” ва дигарон амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузарондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ҳадаф аз амалиёт ҷилавгирӣ аз фурӯш ва истеъмоли маводи мухаддир, махсусан маводҳои синтетикӣ дар маконҳои дилхушии Душанбе мебошад.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи амалиёт масъулини Агентӣ бо соҳибону кормандони тарабхонаҳо суҳбатҳо гузаронда, дар бораи зарари маводи нашъаовари навъи синтетикӣ, пешгирии ҳолатҳои истеъмоли маводи нашъаовар дар чунин марказҳо, ошкор намудани мизоҷони дар ҳолати мастӣ буда ва расонидани ёрии аввали тиббӣ дар ҳолати заҳролудшавӣ маълумот додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ марказҳои дилхушии шабона, ё худ дискотекаҳоро, ки то субҳгоҳон фаъолият мекунанд, мояи костагии фазои ахлоқӣ ва рахнаи арзишҳои миллӣ хонда, дастур дода буд, назорати онҳо пурзӯр шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |