Бахшҳо

Холиқов: “Хонаи баъзеҳо дарвоза надорад, вале ба Ҳаҷ мераванд”

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар сӯҳбат бо мақомот ва сокинони Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, аз навбати тӯлонии шаҳрвандон барои сафари Ҳаҷ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "хонаи баъзе аз шаҳрвандони мо дарвоза надорад, вале бисёр талош мекунанд, ки Ҳаҷ бираванд”.

Ин ҳарфҳо аз сӯи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳоле садо дода, ки Сами Шариф, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз навбатгирии сокинон барои сафар ба зиёрати Хонаи Худо то соли 2022 хабар додааст. Сами Шариф гуфтааст,дар ҳоли ҳозир сокинони ин шаҳр то соли 2022 барои сафари Ҳаҷ навбат гирифтаанд.

Инчунин Холиқов ба масъалаи бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои арабӣ дахл карда, барои баргардонидани шумораи боқимондаи онҳо дастур додааст. Ба иттилои манбаъ, тамоми ҷавонони ин минтақаи кишвар, ки дар давлатҳои арабӣ таҳсили динӣ менамудаанд, ба ҷуз чанд тани дар Миср қарор дошта, баргардонида шудаанд.

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар садри як ҳайати корӣ барои иҷрои супориши президент дар мавриди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ва баррасии фазои динӣ озими вилояти Хатлон шуда, қарор аст, то 20-уми феврал дар ин минтақа боқӣ монад.

Дафтари матбуотии Кумидаи дин мегӯяд, Холиқов нахуст 18-уми феврал дар Қӯрғонтеппа бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа мулоқот карда, таъкид кардааст, ки назорати риояи қонуни танзими расму оин аз ҷониби масъулин пурзӯр шавад, чун ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ҳанӯз зиёд сар мезананд: "Қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон маҳз ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ба тасвиб расидааст ва он бояд самаранок татбиқ гардад."

Инчунин манбаъ илова мекунад, ки, Холиқов дар ин дидор бо имомхатибон, имомон доира ба вазъи фазои динӣ дар кишвар табодули назар намудааст: “Ӯ таъкид дошт, ки мо бояд бо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа аз паҳн гардидани ҳар гуна ҷараёну мазоҳиби ғайрианъанавӣ дар кишвар ҷилавгирӣ намоем.”

Холиқов ҳамчунин хостори ҷалби бештари ҷавондухтарон ба таҳсил шуда, афзудааст, ки таҳсили духтарон барои рушди ҷомеаи маданӣ дар кишвар мусоидат намояд. Дафтари матбуоти Кумитаи дин мегӯяд, сипас Холиқов дар ноҳияи Бохтар бо беш аз 300 нафар ходими дин, аҳли ҷомеа ва фаъолон масоили мубрами миллию диниро баррасӣ карда, интизор меравад, чунин мулоқотҳо то 20-уми феврал идома ёбанд.
Мӯҳр
Манон
Э хамин аъзои ХХДТ-ро ки дар шахри мо рох додааст? Наход аъзои ххдт-ро раиси кумитаи дин монанд? ин баъд аз кучо манфиати мусалмонхоро дифоъ мекунад? охир инхо худашон мегуянд ки хизб дар ислом манъ аст, вале ххдт=ро сохта барои фиреби мардум мансабхоро бо худ никох кардаанду боз раиси кумитаи дин мешаванд, шарм кунед охир. аз як тараф мегуянд хизб дар ислом манъ вале мегуянд мо мусалмон ва боз худ аъзои хизб. ку мантик ?садкаи.....

шухрат
Агар медонисти ки Хач чи чоест, ин суханро намекарди! Ки шуморо дар сари вазифа мондай?

Дурандеш
Барои фарз гаштани Хач дарвозаи хона доштан ё надоштани дарвоза аз нигохи мазхаби Ханафи зикр нашудааст. аммо мушкили карупсия ё ришваситони барои навбати хач (зиёрати хонаи Худо) барои дарвозадору бедарвоза як шудааст. низоми шуъбаи хачи кумитаии дин бояд аз нав барраси шавад. рохбаладон аксарашон пора дода рохбалад мераванд вале забони арабиро намедонанд, ё аз фарзу вочиб бехабаранд.Оё барои робалаи хам дарвозаи хона доштан шарту зарур аст?

ном
"хонаи баъзе аз шаҳрвандони мо дарвоза надорад, вале бисёр талош мекунанд, ки Ҳаҷ бираванд” - албата инро касе мефахмад, ки МУСАЛМОНАСТ

хами мардак рост мега охи, садкашон шавем точикои мора яхелш нони хурдани надора мефораш хач брава

Мухтарам Холиков, ба онхое, ки аз фоидаи пули хачи мардум дар Дубай хона гирифтаанд чи гуфтаниед. Инро хама медонанд Холиков.

Tojik
Abdurahim, Vakte honahoi mardum dar nadorad inro aibi Islom nakun, Charo aibi davlat namegui ? Aibi amu shikambgavsoe ki dar sari davlatand aibi hamunost. Nangu nomusat kujo shud barodari aziz ?

Абу Осия
Туро ки ба ин мансаб монд дар хона дарвоза доштан фарз аст ё хач ин бедарвоза будани мардум аз бе масуляти шумо мансабдоронаст.

Яъкуб.
Бехтар он хаст Холиков мегуфт,ки ба ман дигар аз хисоби порае,ки аз зоирон мегиред пора надихед.Монед мардум бе пора ба Хач раванд.Зеро бо пора Хач рафтан дуруст несту барои ин амал хамаи мо назди Оллох чи мегуем.Зеро бузургтарин гунох ин амал хаст!

Ба чои пора, аз Дубай хона. Чаро ягон органхои дахлдор тафтиш намекунанд.

шам
Ин холиков аввал инки илми исломи надорад. Дуввум инки кормандони кумитаат то поин аз пули зоирон кисахои шумо пур шудасту шумо забон баровардед. Ин кадар худатона гамхори миллат мегиред акалан зердастоната мань кунед аз ин судхури бад дарвозахо хуб мешавад. Ба ин рафторатон обруи муллоу ешонро мусалмононро резондед.базе зоирин шикоят аз он мекунад,ки фалон мулло ё эшон инкадар пул додам,вале хакиката намедонанд таи ин ним косса чи аст?
Ин сафари мукаддас мавсими бизнеси шумо шудаги, шарм надошта боз чунин гап мезанед.

Масалаи Хач пас аз сабукдуш шудани Саид Ахмедов собик раиси ин кумита проблемаи аввлин дарачаи чомеа гардидааст. Ва хукуматтдоронро мебояд хамон камандаро чалб намуда хадди акал масалаи дар оянда гароншавии онро пешгири кунад.

Чаноби Холиков ман як гапи руи рост мегуям як хешу табори наздикамро ба назди та барои хач равон кардем вале шумо кабул накарда ба назди одамонат равон карди валеонхо гуфтан ки барои дар руйхат чой кардан агр фарзандипадарат кибошад хадди акал 3000 доллар даркор вакте ки он шахс ба одамонишумо гуфтааст ки вай бечора ин кадар пул надорад вай камбагал аст акаллан 1000 доллар гуед.Одамони Шумо ки ду нафарродар кумитаи дин ташкил медихад яке Бахтиёр ва дигаре Дилшод онхо гфтаанд ки Раис мегуяд камбагал аст (г...хури ба хач меравад ягон яктина кам намекуни) ин суханро ин одамони шумо гуфтаанд ки холо медони охиримавсим омадаст , одамо дар 10 000 долари розиян. Пас мардум чикор кунан . Масалан шумо бо он нафаре ки тибки гуфтаи баъзе рохбаладон дар ончо як миёна даро доред ки сауди ва кумитаи дин халу вал мекунед баъд аз халос шуданимавсим ба хисобхои бонкхои гуногун ворид карда бо номхои дигар шахрванлдони хоричи дар Аморот вила харида ба ичора медихед. Вагарна ин кадар дову даханаи шумо ва хешу табори шумол аз кучо хаст.Аз Худо тарсед . Мардмро ба камбагал будан таъна назанед иншоаллох фардои киёмат чавоб хохед гуфтю Ин пули хочиён ки тавассути ину он худро ба яктараф кашида азхар рохбалад 3000 долари гирифта боз ба замми он командировкаи онхоро ичборан бо ваъдаидуруг ки соли дигар боз равонатмекунам мегиред чавоб хохед гуфт. Агар шумо рози бошед ин суханхоиморо дуруг хисобед шохиди аён бародари худам хаст, киаз чониби одамонат ба хотири надодани пора имсол аз мини рохбаладон хат зада шуд. Гапхо зиёд рости хозир бо машварати вакилон ин кори кардагии шуморо дар назди 8 миллиард ахолии Точикистон хохам гуфт. Аз бари Худо пеш аз он ки дар дунё шарманда шави ин навъ изхорот дигар нафармоед.

Рости ин мардаки хуб хамсояи мо хаст ва дар донишгох маълими мо хам буд дар он вакт вазъи зиндагияш аз замин то осмон фарк мекард ба монанди одамони ктори ва хатто агар имтихонпули намешуд кариб ки аз факр ....... ва он рузхоро шояд каме аз пеши назар мегузаронида бошад то ки сари ин гапи гуфтагияш яъне мардумро камбагал гуфта мавриди мазаммат карор надихад. Рафикони ман имсол ба хач рафта буданд Падру модарамро ба яке аз онхо вогузорнамуда будам як суханхое гуфтанд ки дар ачаб мемони. Ба гуфтаи рафакони ман тули як мохе ки дар хач буданд хайрият ки хамрохи худ пул барои тухфахари бурдаанд ки дар охир онро барои хурокхари сарф кардаанд вагарна аз бирнччушак ва шурбои тезу тунд шояд ба хона дигар бар намегаштем.Ман рости барои ба руйхат воид кардани палдару модарам хамаги 3500 доллар ва як гов додаам вале ба гуфтаи домуллои масчидамон бояд ки аз нав падару модарамро ба хач фиристам. Имсол аз нохияи мо беш аз 11 нафар бо бахонаи паспорт ва дигар бахонахо аз руйхат гардонида шуданд вале мудири кумитаи дини нохия гуфт ки онхоро хамаашонро одамони худашонро ки хадди акалл 3000 долари пора мегиранд чой намудаанд

Шам
ХОНАИ БАЪЗЕХО ДАРВОЗА НАДОРАД, ЛЕКИН ШУМО ХУКМАТДОРОНИ ИМРУЗА ПАРВО НАДОРЕД, ТАК ЧТО КОРИ ШУМО НАБОШАД КИ КУЧО МЕХОХАД!!!

Сафо.
Пистаҳои бемағи ҳиби хоким. пучак ҳастед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)