Имзои созишномаи CASA-1000 ва уҳдадориҳои Тоҷикистон
Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон, имрӯз, 19-уми феврал дар Вашингтон созишнома дар бораи лоиҳаи хатти интиқоли CASA-1000-ро ба имзо расондаанд.
Зимни ҳамоиши намояндагони ин чор кишвар, ки зери назорати Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон мегузарад, созишнома имзо гардида, Қирғизистону Тоҷикистон уҳдадор шудаанд, ки тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистон ҳамасола 700 мегаватт нерӯи барқро интиқол диҳанд. Интизор меравад, ки баррасии ҷузъиёти дигари лоиҳаи САSA-1000 то 21-уми феврал идома ёбад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, арзиши сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000-ро ҳудуди 1 миллиарду 160 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, ба сифати сармоягузорони асосии ин лоиҳа Бонки осиёии рушд, Бонки исломӣ ва фондҳои арабиро ном бурдааст. Ҷононов CASA-1000-ро манбаи муътадили даромад барои Душанбе ва Бишкек хондааст, ки метавонанд дар фасли гармо нерӯи барзиёди барқашонро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳанд.
Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби надоштани хат барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ ҳудуди 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |