Боздошти шаш талаба барои занозанӣ ва захмӣ кардани Ҷовидон Одинаев

Миёни як гуруҳ аз хонандагони мактабҳои миёнаи 32 ва 59-и шаҳри Душанбе рӯзи 17 феврал задухӯрде ба миён омадааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи ин задухӯрд, яке аз донишомӯзон захм бардоштааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ин задухӯрд дар кӯчаи Маяковскии пойтахт рух дода, “ду гуруҳи хонандагон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд”. Ҷаноби Садриддинов мегӯяд, “дар натиҷаи ин бетартибиҳо аз ҳарду гурӯҳ чанд нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, аз он ҷумла, ноболиғ Ҷовидон Одинаев (1996) захми халандаю буранда аз қисми шикамаш бардоштааст.”
Ба қавли манбаъ, ҳоло бо гумони даст доштан дар ин кор Иқболшои Ҳақназар, Убайдулло Мунавваров, Аҳлиддин Сангинов, Алиҷон Муъминов (соли таваллудашон 1997), Амриддин Камолов ва Сайёд Шоназаров (соли таваллудашон 1996), сокинони шаҳри Душанбе, боздошт шудаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтиш идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |