Ҳалокати 18 нафар дар задухӯрди мухолифон бо нерӯҳои давлатӣ (ВИДЕО)
Дар задухӯрди хунине, ки рӯзи 18 феврал дар Киев, маркзаи Украина, рух дод, 18 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ин рақам дар баъзе аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ 19 нафар гуфта шудааст, ки ҳафт тани онҳо маъмурони пулис будаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тазоҳургарони украинӣ дар эътироз ба посухи раиси парлумон рӯзи сешанбе ба бинои Радаи ин кишвар ҳамла кардаанд. Дар пайи ин ҳамла задухӯрде миёни тазоҳургарон ва кормандони пулис ба миён омадааст. Расонаи хабарии “Unian.net” менависад, тазоҳургарони украинӣ ҳангоми ҳамла ба бинои парлумони худ тамоми воситаҳои нақлиёт ва ашё, ки пулис тавассути онҳо роҳро баста буданд, оташ задаанд.
Манбаъ мегӯяд, кормандони пулиси Украина барои парокандасозии гирдиҳамомадагон аз газҳои ашковару силоҳҳои травматикӣ истифода мекунанд. Ба итттилои Unian.net, ҳамлагарон як корманди пулисро боздошт ва ҳамчун асир ба Еврамайдон бурдаанд.Пахши мустақими бахши украинии Радиои Озодӣ: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |