Бахшҳо
18 фев 2014 15:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷононов CASA-1000-ро манбаи хуби даромади Душанбею Бишкек хонд

Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, арзиши сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000-ро ҳудуди 1 миллиарду 160 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, афзудааст, ки гуфтушуниди молӣ дар мавриди ин лоиҳа дар ҳоли анҷомёбист.

Ҷононов ин хатро барои коҳиши камбуди нерӯи барқ дар Покистон муҳим хонда, таъкид намудааст, ки таъминоти барқ дар Покистон аз ҳисоби нерӯи аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистону Қирғизистон беҳтар хоҳад шуд: "Афғонистон кафолат додааст, ки амнияти CASA-1000-ро дар қаламрави худ таъмин мекунад.”

Сафири Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ ба сифати сармоягузорони асосии ин лоиҳа Бонки осиёии рушд, Бонки исломӣ ва фондҳои арабиро ном бурдааст. Ҷононов CASA-1000-ро манбаи муътадили даромад барои Душанбе ва Бишкек хондааст, ки метавонанд дар фасли гармо нерӯи барзиёди барқашонро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби дарёфт накардани хати интиқоли барқ барои содироти нерӯи зиёдатӣ ҳудуди 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухтарам рузноманигор
насаби асосиш Чонов е Чононов

Ҷонов ё Ҷононов все равно у одами хуб намешавад. дар мид ҳамаро сиёҳ карда мегашт. барои ҳамин сафираш мондан. ма таҷрибаомуз будам маро низ сиёҳ мекардай

озодагон мард боши чоп кун озодагон одаҳо фаҳманд ки чи хел кадр доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)