Бахшҳо

Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Тешаев барои куштори раиси зиндони Кӯлоб

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи маҳбус Умед Тешаев, ки баъд аз зӯҳри 16 феврал бо зарби қайчӣ полковник Умар Қаюмов -- раиси зиндони Кӯлобро дар утоқи корияш кушта буд, парванда боз намудааст. Парвин Ализода, сухангӯи Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин парванда бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан, ифтитоҳ шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи муътамад гуфт, Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва раҳбари Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ, низ ба шаҳри Кӯлоб рафта, бо огоҳони ҳодиса мулоқот кардааст.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 17 феврал бо пахши як иттилоия куштори сардори зиндони шаҳри Кӯлоб, полковники адлия Умар Қаюмовро, аз ҷониби маҳбуси ин зиндон шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, ин ҳодиса соати 15:40-и 16 феврал дар утоқи кории полковник Қаюмов рух додааст.

Дар иттилоияи масъулони ВКД гуфта шудааст, ки маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. "Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."

Умар Қаюмов, сардори зиндони шҳари Кӯлоб, беш аз 12 соли охир дар ин мақом буда, қарор будааст соли оянда бознишаста шавад. Вай соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.


Дар акс: Марҳум Умар Қаюмов (Акс аз бойгонии хабарнигор Молики Сайф)

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хасан
Ман аз кормандони макомоти хифзи хукук ва аз суд хохиш менамоям, ки ба ин берахм чазои якъумра таъин кунед

Хамватан
Руз ,ки буд шуд давон давон ба назди ачал мерави, агар не магар дар шахри Кулоб сартарош кам буд,ки ба назди котил мерави. Дунеи охираташ обод бод.

12 сол як нафарро дар як мансаб нигох доштан ба кадом коида дуруст меояд. Кани ротатсияи кадрхо? Кай КОНУН риоя мешавад. Барои КИ онхоро менависед? Охир, барои мансабу хешу табориву пул шуда ин кадар давлату миллата беобру кардан лозим аст ое?. Хайфи чунин давлатдори. Хайфи захматхои бобоёни мо...

гариб
шояд ин начальник ягон дашноми кабех дода бошад ки ин шахс худдори карда натавонистас

Чунин шахсон ислохнашаванда хастанд ва барои чамият хафноканд бояд чазои катл нисбати ин чинояткор татбик шавад.

mehrubon
Рухаш шоду хонаи охираташ обод бод ва барои мондагон сабри чамилро хохонам. Бароям чои суол аст, чи гуна метавон ба нафаре ки собикаи задани 54 кордро дорад ва алакай барои куштор 6 мох пушти панчара аст, бовар карда, ба дасташ кайчи медихи ки муи саратро ислох кунад?!

Шахноза
Пули сартарошхоная желать када як махбуси одам кушро ба наздаш Рох додааст... Ачоиб... Хай рузи буд шуда. Наверное Умар Каюмов гамшон медодай дар тюрьма... Ай и коркунои макомот хамачи ожидать кадан мумкин. Худо рахмат кна.

Nokia
Эээ не туда попал... Жалко очень жалко... Такой молодой и в тюрьме...

зафар
бисёр, бисёр мехохам ки котил яъне Умеди ноумед бо азобхои зиёде ки ба ду нафар содир кардааст хамин тавр азоб кашида мурад

Ба Гариб гуфтаниям ки Каюм Умар аз он тоифаи хакоратчихо набуд

Чавоб ба Nokiia: `Ёфти ба ки дилсузи куни дар таги дасташ меафтиди зур мешуд.

Ниссо
Барзу,
хоо..агар падар ё амаки ту мебуд..12 сол аст 15 сол аст дар вазифа чашмонат кур барин хеч чизро намедид((кадом кадрхо??дар вактхои охир ягон кадри нагзро дидаи?? хамаатон бо пулу боигариатон сохиби вазифа мешаведу боз дар бораи конуну коида харф мезанед((Хайфи туву падару модаре ки туро калон кардаанд.............ллоху Акбар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)