Бахшҳо
17 фев 2014 16:02Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости Шукурҷон Зуҳуров ва амр барои ҳалли мушкили туннели “Истиқлол”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки бо сафаре дар Теҳрон қарор дорад, аз ҳамтои эрониаш Алии Лоринҷонӣ хостааст, ба ҳалли бозсозии нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб мусоидат кунад. Ҳоло убуру мурур аз тариқи ин нақб, ки аз сӯи ширкати эронии “Собир” бунёд шудааст, мушкил шуда, ба гуфтаи мақомот, ба бозсозӣ ниёз дорад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, қаблан тавофуқ шуда буд, бо ихтисоси шаш миллион доллар, ки се миллионашро Эрон пардохт мекунад, ин нақб бозсозӣ гардад. Вале онҳо аз кундии кори эрониҳо дар ин замина нигаронӣ карда, ҳатто Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар нишасти ахири хабарияш гуфт, агар раисиҷумҳур иҷоза бидиҳад, Душанбе бо тавони худ бозсозии онро анҷом хоҳад дод.

Шукурҷон Зуҳуров дар сӯҳбаташ бо Алии Лориҷонӣ гуфтааст, анҷоми бозсозии туннели Истиқлол, ки гоҳо мавриди норозигии мусофирону ронандаҳо қарор мегирад, ба муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Бо таваҷҷӯҳ ба хоҳиши Шукурҷон Зуҳуров, Алии Лориҷонӣ ба ниҳодҳои масъули Эрон дастур додааст, ки мушкилоти сохтмони нақби “Истиқлол” ҳар чи зуддтар бартараф шавад.

Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад.

Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, ки охири ҳафтаи гузашта бо вазири умури хориҷӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти тӯлонӣ анҷом дод, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар мавриди туннели "Истиқлол" гуфт, “мардуми Шумо бидуни он хеле заҳмат мекашиданд. Мо низ омадем, албатта, на ба дунболи даромад, чун суд надорад. Барои мо он 30 миллион хароҷот дорад.” Раҳимпур илова кард, дар ифтитоҳу мавриди истифода қарор додани туннели “Истиқлол” каме шитоб шудааст: “Дар ифтитоҳаш як миқдор аҷала шуда, дар идомаи он низ як масоили техникӣ низ шуд, ки бояд аз ду тараф маблаггузорӣ мешуд, то ҳал шавад. Инҳо хуб мудирият нашуд. Мо, албатта, дунболи айбҷӯӣ нестем, дунболи онем, ки мавриди истифодаи хуби мардум қарор гирад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Степан Бандера
Бале,ого! Шумо айбро ба инхо партоеду ин огохо айбро ба шумо. Дар ин миён аз рохи вайрону пурхатар ширкати АйРЕС пул чамъ кунад. Ин аст зиндагии мо...

Эрони
не,ин хел намешавад, маблаги истифодаи барки сангтударо 28 млн. дихед, мо ба Шумо барои баркарорсозии накб 6 не балки 10 млн. медихем. Ок?????

Эрони,
Эй кош ин масъала халли худро меёфт. бечора мардум чои даъво надоранд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)