Посбони Коллеҷи омӯзгорӣ дар нашъаҷаллобӣ муттаҳам мешавад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ ду сокинони ноҳияи Рӯдакиро дастгир намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ба кормандони агентӣ маълум шуд, ки посбони коллеҷи техникию омӯзгории шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар даст дорад: “Дар натиҷаи тафтиши ҳуҷраи посбони коллеҷ аз он ҷо 80 бастаи ҳашиш пайдо гардид.”
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, феълан посбони коллеҷ ва шарики ӯ дастгир шуда, аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |