Худкушии духтари 16-сола… дар оғилхона
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як духтари 16-сола даст ба худкушӣ задааст. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Раёсати умури дохилии вилоят гуфтанд, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ба қайд гирифта шуда, ҷасади бе ҷони Б.О.-и 16-соларо наздиконаш аз оғилхонаи манзили истиқоматиашон пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ин духтарак дар ҳеч куҷо кору таҳсил намекардааст ва зимнан, барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ тафтишот шурӯъ гаштааст.
Ёдрас мекунем, давоми соли 2013 дар қаламрави вилояти Суғд 281 нафар, аз ҷумла, 128 зан ва 153 мард, даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2012-ум 12 ҳолат ё 4,2% камтар мебошад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомот, дар ин давра худкушии ноболиғон 10 ҳодиса коҳиш ёфта, аз 44 адад ба 34 адад поин омадааст. Тибқи иттилои масъулин, тафтиши ин қабил ҳодисаҳо дар зарфи як соли ахир нишон додааст, ки муомилаи бераҳмона, паст задани шаъну эътибор, гирифторӣ ба бемориҳои рӯҳӣ, асаб, касалиҳои вазнин, вазъияти оилавӣ, иқтисодӣ, ҳолатҳои мастӣ ва ғайра барои даст задан ба ин ҳодисаҳои номатлуб “мусоидат” намудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |