"Ҳафта"-и Қаюмзод баъд аз нашри шумораи нахустинаш баста шуд
Фаъолияти нашрияи “Ҳафта”, ки муҳарририи онро Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бар дӯш дошт, баъд аз нашри шумораи нахустинаш манъ карда шуд.
Қаюмзод рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, шаҳодатномаи нашрияи тозатаъсис аз сӯи Вазорати фарҳанги кишвар аз 14 феврал ба ин сӯ бекор карда шудааст. Ба қавли ӯ, масъулини Вазорати фарҳанг гуфтаанд, азбаски “Ҳафта” дар асоси рӯзномаи “Овоза ва Ҳақиқат”, ки нашрияи фарҳангӣ ва рекламавӣ маҳсуб мешуд, таъсис ёфтааст, ҳаққи табъи маводҳои сиёсию ҷамъяитиро надошт. “Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъди дарёфти иттилоъ аз сомонаҳои “Озодагон” ва “Азия-Плюс” доир ба интишори шумораи нахустини нашрияи “Ҳафта”, ки қаблан “Овоза ва ҳақиқат” ном дошт... ҳуҷҷатҳои таъсисии онро мавриди таҳлили қарор дода, муайян намуд, ки рӯзнома бар хилофи ҳадафи оинномавиаш, ки нашрияи фарҳангию рекламавӣ мебошад, чоп гарддидааст”,-омадааст дар нома.
Муҳаррири нашрияи “Ҳафта” ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, мегӯяд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд. Шумораи нахустини нашрияи нави “Ҳафта” рӯзи 15 январи соли ҷорӣ аз чоп баромада буд. Ин ҳафтанома дар гузашта бо номи “Овоза ва Ҳақиқат” ба табъ расида, моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тағйири ном ва дубора фаъолияти худро бо номи “Ҳафта” аз сар гирифт.
Дар нахустин шумораи он мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохта бо Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, ки баъдан боиси баҳсҳои зиёд ва ҳатто интиқоди Муъмин Қаноат дар баъзе аз расонаҳои давлатӣ шуд. Соҳибназарон тоҷик бо таваҷҷуҳ ба ин масъала мегӯянд, сабаби аслии баста шудани нашрияи “Ҳафта” маҳз ҳамин нашри мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо шоири халқии Тоҷикистон мебошад, ки дар он аз вази кунунии кишвар нигаронӣ ва аз мақомот шадидан интиқод шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |