Раиси “Тоҷиксодиротбонк” Пирзода Тоҷиддин шуд
Тоҷиддин Пиров, ки аз соли 2012 ба ин сӯ раҳбарии “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба уҳда дорад, бо ҳазфи пасванди русии “ов” насабашро ба Пирзода Тоҷиддин тағйир додааст. Дар ин бора як манбаи муътамад аз “Тоҷиксодиротбонк” хабар дод.
Бино ба иттилои дигар, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ барои ивази насабаш ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза навиштааст. Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” аз насаби мансабдорони тоҷик дар пайи интиқоди Шерхон Салимзода -- додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ баргузор гардид, сурат мегирад.
Дар тӯли як моҳе, ки аз ин ҷаласа мегузарад, вазири кишоварзӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири тандурустӣ насаби худро иваз карданд. Ин маърака дар миёни мансабдорони Суғд низ ба таври густурда ҷараён дорад ва ахиран гуруҳе аз раҳбарони шаҳру навоҳии ин вилоят якбора пасвандҳои русиро аз насаби худ лағв намуданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |