“Рашк”-и Кохи Сафед ба гуфтугӯи Сисӣ бо Путин дар Русия
Мулоқот ва муҳтавои гуфтугӯи ахири Абдулфаттоҳ Сисӣ, бо Валадимир Путин, раисиҷумҳури Русия норозигии Амрикоро ба бор овардааст.
Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарии рӯзи 14 феврал гуфтааст, кишвараш аз ягон номзади муайян дар интихоботи қарибулвуқӯи Миср ҷонибдорӣ намекунад. Ӯ иброз намудааст, “танҳо мардуми Миср салоҳият доранд, муқаррар кунанд, ки чӣ касе онҳоро раҳбарӣ мекунад ва ин амр ҳеч вобастагие ба Путину Амрико надорад.”
Сухангӯи кохи Сафед бо зикри ин нукта, ки Қоҳира дар интихоби шарики стратегияш озод мебошад, таъкид кардааст, “наздикшавии Қоҳираву Маскав наметавонад, равобити деринаи Амрикову Мисрро сард кунад: “Кумаки низомию иқтисодие, ки Вашингтон барои Миср мекунад, ягон давлати дигар наметавонад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз тасмими Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбии Миср барои пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ин кишвар истиқбол карда, онро гоми муҳиме хонд.
Путин дар дидори худ бо Сисӣ, ки дар пайи маросими ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ сурат гирифт, таъкид карда буд, “Маскав итминон дорад, Қоҳира баъд аз баргузории интихоботи президентияш як сиёсати ҳамкории комил бо Русияро ба роҳ мемонад.” Гуфта мешавад, Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |