Норозиён, ки аз навоҳии Тоҷикистон барои қабули масъулини додситонии кулл омадаанд, аз он шикоят доштанд, ки масъулини ин ниҳод дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи қабули шаҳрвандон сарфи назар мекунанд. Бархе аз онҳо гуфтанд, моҳҳо боз ҳар рӯзи шанбе аз роҳи дур барои мулоқот бо Шерхон Салимзода ё муовинонаш меоянд, аммо бо баҳонаҳои гуногуни мақомот ба ин мулоқот ноил намешаванд.
Раҳимова Лутфия, корафтода аз деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, ки соҳиби чор фарзанд аст, ба “Озодагон” гуфт, ахиран аз Русия занг заданд, ки шавҳарам дар Русия зиндонӣ аст: “Мехоҳам шавҳари маро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд ва барои ин имзои додситонӣ лозим аст. Чанд моҳи охир мебиём, аммо маро қабул намекунанд.”
Норхон Кабиров, сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, ҳар моҳ рӯзи шанбе ба назди Додситонии кул меояд, аммо барои мулоқот бо ӯ ноил нашудааст: “Масалан, имрӯз аз соати 8:00 дар назди бинои додситонии кул қарор дорам. Аввал як нафар баромада гуфт, ки моро қабул мекунанд, аммо баъдтар Самиев, як масъули додситонӣ баромад ва гуфт, ки касеро қабул намекунанд.”
Аммо Ҷунайдулло Ниёзов, масъули раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон дар шарҳи қазия ба хабарнигорон гуфт, “аз соати 7:00 то соати 9:00 мо мунтазир будем, то ба қайд гирем, аммо касе набуд. Ҳамаи инҳо дер омаданд. Мо наметавонем, бе қайд ҳамаи онҳоро барои қабул вориди додситонӣ кунем.”
Ин дар ҳолест, ки ҷамъомадагон таъкид намуданд, ки бархеяшон аз соати 7:00-и субҳ боз дар назди дарвозаи бинои додситонии кул мунтазири масъулин истодаанд. Ба гуфтаи онҳо то соати 10:30 касе онҳоро суроғ накардааст ва масъулини додситонӣ танҳо баъди он, ки хабарнигоронро диданд, ба берун назди корафтодагон баромаданд.