Бахшҳо
15 фев 2014 11:27Тоҷикистон / Сиёсат

Тағйироти нави кадрӣ ва азми Раҳмон барои мансабгирии ҷавонону лағви “облава”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феврал кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро ба хизмати содиқонаю софдилона даъват карда, афзудааст, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод кардани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.

Ба иттилои манбаъ дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд: “Инчунин комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз гардиданд.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар кадрҳои миллии афсарӣ тарбия гарданд ва тавассути тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафи артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар мавриди тағйироти дигари кадрӣ, илова намуд, ки “панҷ нафар ба ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин шуда, ба ҷои муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд. Инчунин чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Баробари ин прокурори шаҳри Роғун иваз гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид намудааст, ки кадрҳои нав ба адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани обурӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткориҳо аҳамияти хоса диҳанд.
Мӯҳр
Чавон
Чаноби Эмомали Рахмон хамин "облава"-ро аз байн бардоранд, бехтарин кор мекунанд. Баъди он ки дастури президент дар ин бора тахия шуд, коррупсия бояд чиддан аз кафои он касоне шавад, ки тарики хайриконуни чавононро дошта, дар ивази маблаг рахо мекунанд. Ин ходисахо айни замон зиёд мушохида мешавад ва мехри чавононро ба Ватан коста мегардонад. Агар облава набошаду шароит дар кисмхои харби мухайё карда шавад, чавонон ихтиёран ба сафи куввахои мусаллах мепайванданд.

одам
Ин вазифа гирифтахо зурашон ба точикони бесохиби худашон мерасад дар мукобили русу киргизу чинвоникхо дамашон дарун ба гирифтаги

Адолат
Хахмат бози давом дорад

sadokat
шартай ки тамоми кадра президент тахин кунад? директори садик, иректори мактаб, институт, ректоро....

ba fikri man janob aknun sali durus kor kardosiyan. Kadri javon diploma megira kor nameyoba ba'd Moskva merad. Boyad javononi boiste'doda ba joyhoi kori ta'min kunan. Shakhsoni pir aknun vaqti pensa rasid mansabro kholi kunen. Kadroi javonba kor diheton!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)