Эшони Маҳмудҷон дар бораи қарзи бофоизи ширкатҳои мобилӣ
Эшони Маҳмудҷон, яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо қарзгирии муштариён аз шабакаҳои мобилиро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, рибо будани онро рад кардааст.
Ин рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар суол ба яке аз корбарони Turajon.Org – веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо гуфтааст, “қарз гирифтан аз ширткаҳои мобилӣ, ки бо фоиз баргардонида мешавад, аз нигоҳи Ислом ҷоиз аст.”
Ба қавли Эшони Маҳмудҷон ин муомала рибо маҳсуб намешавад, чун ширкатҳои мобилӣ барои муштариёнашон маблағ қарз намедиҳанд, то зиёд карда, онро ситонад, ки рибо дониста шавад: “Дар ин доду гирифт танҳо ширкат ҳаққи хидматашро бо пули бештар фурӯхтааст ва зиёда кардани нарх дар муқобили таъхири маблағ дар шариъати исломӣ равост.”
Рӯҳонии тоҷик бар инаст, ки бояд ширкатҳои мобилӣ номгузории ин доду гирифти худ бо муштариёнашонро иваз кунанд, чун муҳтавои хидматрасонии онҳо дигарасту номаш дигар: “Он чизе, ки дар ин масъала ишкол ворид кардааст номгузорияш бо номи қарз аст. Дар инҷо ширкат ба муштарӣ маблағ қарз надодааст, балки хидмати пайваст кардани телефонро фурӯхтааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |