Бахшҳо

Раҳимпур дар бораи Истиқлол, Занҷонӣ ва “Сангтӯда-2”, баъди сӯҳбат бо Раҳмон

Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, дар нишасти хабарии шоми 14 феврал дар Душанбе гуфт, тамоми тарҳҳои иқтисодие, ки Теҳрон дар Тоҷикистон амалӣ кардааст, барояш судовар нестанд. “Мо танҳо барои кумаки мардуми тоҷик инҳоро амалӣ мекунем”,-афзуд ӯ.

“МО ДУНБОЛИ ФОИДА НЕСТЕМ”

Ин нишасти хабарии Раҳимпур баъд аз сӯҳбати, ба гуфтаи ӯ тӯлонӣ, бо вазири умури хориҷӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт ва фардо, 15 феврал, аз ин мулоқот ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон гузориш хоҳад дод. Ӯ гуфт, миёни Душанбеву Теҳрон тавофуқ шудааст, ки дувумӣ ба зудӣ ба бозсозии туннели “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб мепардозад. “Мардуми Шумо бидуни он хеле заҳмат мекашиданд. Мо низ омадем, албатта, на ба дунболи даромад, чун суд надорад. Барои мо он 30 миллион хароҷот дорад”,-афзуд ӯ.

Раҳимпур илова кард, ки дар ифтитоҳу мавриди истифода қарор додани туннели “Истиқлол” каме шитоб шудааст: “Дар ифтитоҳаш як миқдор аҷала шуда, дар идомаи он низ як масоили техникӣ низ шуд, ки бояд аз ду тараф маблаггузорӣ мешуд, то ҳал шавад. Инҳо хуб мудирият нашуд. Мо, албатта, дунболи айбҷӯӣ нестем, дунболи онем, ки мавриди истифодаи хуби мардум қарор гирад.”

“ШИРКАТҲОИ ЗАНҶОНӢ МАРБУТ БА ЭРОНАНД”

Муовини вазири умури хориҷии Эрон дар идома афзуд, ширкатҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, дар тамоми гӯшаҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, марбут ба Теҳронанд ва дар сурати лозимӣ онро соҳибӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Раҳимпур, ки дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳоло қазияи Занҷонӣ ниҳоӣ нашудааст ва бозпурсии афроди наздик ба ӯ ва ширкатҳояш идома дорад.

Вале муовини вазири умури хориҷии Эрон дақиқ нагуфт, ки аз ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳам касе мавриди бозпурсии муфаттишони эронӣ қарор гирифтааст, ё не. Танҳо афзуд, "ҳар ҷое, билохира, амлоке ва сармояе дорад, табиист, ки аз онҷо ҳам пурсуҷӯ мешавад ва ин дар ихтиёри мақомоти додгоҳии Эрон аст. Ин амлок ва амвол дар асл марбут ба Эрон аст. Дар мавриди даъват шудани мудирони тоҷики ширкатҳои Занҷонӣ иттилои дақиқ надорам, вале мумкин ин кор шуда бошад."

Ин дар ҳолест, ки бино ба баъзе хабарҳо гӯиё Рустам Саидов, раҳбари “Контбонк” дар Тоҷикистон, ки ба Занҷонӣ мансуб дониста мешавад, аз сӯи муфаттишон дар Эрон даъват ва бозпурсӣ шудааст. Вале масъулони “Контбонк” гуфтаанд, Саидов дар рухастӣ буд ва бо кори худ дар Эрон қарор доштааст.

ДАЪВАТИ РАҲИМПУР БА ХЕШТАНДОРӢ

Иброҳим Раҳимпур дар ин гуфтугӯяш ба масъалаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки аз сӯи Эрон бунёд шуда, вале ахиран аз кор бозмонда буд, низ дахл кард. Ӯ гуфт, “ба далели фаннӣ як муддати маҳдуде қатъ шуд ва муҷаддадан фаъолияташро аз сар гирифта, ҳоло хонаҳои мардуми тоҷикро бо барқ равшан дорад. Ин масъала ҳал шуд. Мо бо оқои раисиҷумҳур ҳам қавлу қарордод гузоштем, ба хусус дар масъалаи он ки ширкати Фароб битавонад, дар оянда пружаҳои дигаре анҷом диҳад.”

Аммо ба суоли он ки чаро дар фасли сармо, фасле, ки аксар сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебаранд, нерӯгоҳ мавриди таъмир қарор гирифтааст, Раҳимпур гуфт, “чунин ҳолатҳо мешаванд”. Ӯ афзуд, вақте дар Тоҷикистон барқ набуд, дар баъзе аз манотиқи Эрон низ мардум газу барқ надоштанд.

Иброҳим Раҳимпур дар идома афзуд, “бояд дар бораи мушкилот хештандор бошем ва ин дӯстии Эрону Тоҷикистон набояд ҳадафи тири бегонагон қарор гирад. Мунтақидин агар дар ин бора сухане мегӯянд, бояд бидонанд, ки мо дар Тоҷикистон ба дунболи ҳеч суде нестем, танҳо барои равобити дӯстонаи ду кишварем.”
Мӯҳр
мо дар Тоҷикистон ба дунболи ҳеч суде нестем, танҳо барои равобити дӯстонаи ду кишварем.” Хести ки хоби, Ирони бе фоида дасташро дар оби хунук намезанад, чи расад дар туннели дахон аждахор ва шутурбандон даромадан. ҳоло хонаҳои мардуми тоҷикро бо барқ равшан дорад???? феъли чумлахояшон хам такаллубианд.

Дар мулокот масоили бозгардонидани моликияти Занчони бас шудааст, зеро асли сардии муносиботи Точикистон аз ин реша об мехурад. Ширкатхои Занчони дар Точикистон инхоянд: Азиан - Экспресс, Конт - сохтмон, Конт - туризм, Конт - бонк, Автосантал ва марказхои тичоративу чанд бинои истикоматии сохташаванда, ки чониби Эрон арзиши ин моликиятро медонад ва барои гирифтанащон ва ё фурухта бозпас гирифтани 2 миллиард доллари худ ният кардааст. Хамаи ин моликият дар пойтахти Точикистон вокеъ аст, Автосантал бошад, ба гайри Душанбе дар шахрхои Кургонтеппа, Хучанд ва Кулоб объектхо - автодромхо дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)