Вазорати маориф: “Мо нагуфтем, ки шогирдон бе танаффус дарс мехонанд”
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи танқидҳои зиёд дастури ахири Нуриддин Саидовро дар мавриди “ҷуброн” кардани таътили зимистона, ки ба далели сардии ҳаво то 10 феврал идома кард, бо пахши баёнияе шарҳ додааст. Ин баёния бегоҳи 14 феврал дастраси мо шуд ва ҳоло матни комили онро инҷо мегузорем:
“Баёнияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сард омадани обу ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) аз 3 то 10 феврали соли ҷорӣ, яъне 6 рӯзи дарсӣ таътил эълон намуд.
Мувофиқи фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2014, №190 соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ бояд дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014 гузаронида шаванд. Фармони мазкур муҳлати ниҳоии иҷрои ин дастурро моҳи апрел муайян накардааст, балки дар он таъкид шудааст, ки соатҳои дарсии иҷронашуда бояд дар нимсолаи дуюм ҷуброн карда шаванд.
Ҳангомае, ки дар атрофи ин фармони вазири маориф ва илм дар расонаҳои интернетӣ бардошта шудааст, асосе надорад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ба танзим даровардааст. Моддаи 81-и Кодекси мазкур дар назар дорад, ки дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне «барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мўътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад», иҷозат медиҳад. Ҳамзамон, моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро муқаррар карда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро ҳатмӣ муайян кардааст.
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Он муайянкунандаи маҷмӯи мақсад ва вазифаҳо, мазмуни таҳсилоти заминавӣ (базавӣ), ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагон, натиҷаҳои таълим буда, дараҷаи дониши хонандагон ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро муайян мекунад. Стандарт инчунин самарабахшии фаъолияти муаллимонро муайян менамояд.
Мундариҷаи фанҳои таълимии бахши давлатии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакл ва намуд ҳадди ақали ҳатмии таълим ба ҳисоб меравад. Бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фармони мазкур ба тасвиб расид ва он дар назар дорад, ки вобаста ба имконоту шароити муассисаи таълимӣ соатҳои дарсии иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронда шаванд.
Муассисаи таълимие, ки ҷараёни таълим дар он дар як баст сурат мегирад, метавонад дар басти дигар, яъне нимаи дуюми рӯз дарсҳои иловагиро дар ҷадвали дарсҳо бе халалдор кардани истироҳати таълимгирандагон гузаронад. Дар ҳолати дар ду баст сурат гирифтани таълим муассиса метавонад, дарсҳои иҷронашударо дар фосилаи байни бастҳо гузорад. Агар ҷараёни таълим дар се баст сурат гирад, муассисаи таълимӣ маҷбур аст, ки соатҳои дарсии иҷронашударо рўзҳои шанбеву якшанбе ҷуброн намояд. Чунин тарзи дарсгузорӣ маънои онро надорад, ки хонандагон то моҳи апрел бояд бе истироҳат таҳсил кунанд. Нимсолаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 феврал то 7 июн муқаррар шудааст. Фармони вазири маориф ва илм муайян кардааст, ки соатҳои иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронда шаванд.
Бо назардошти истироҳати таълимгирандагон муассисаҳои таълимӣ имкон доранд, ки то 7 июн соатҳои иҷронашударо ҷуброн намоянд. Дар ҳолати иҷро нагардидани стандарти давлатии таҳсилот барномаи таълимӣ аз ҷониби таълимгирандагон аз худ карда намешавад. Танҳо хонандагоне, ки барномаҳои таълимии соли таҳсилро пурра аз худ кардаанд, аз синф ба синф гузаронда мешаванд. Ин талаботи Нимзомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.2007, №171 тасдиқ гардидааст ва иҷрои онро Вазорати маориф ва илм барои ҳама зарур ва ҳатмӣ мешуморад.
Дар баробари ин, барои омўзгорон иҷрои сарборӣ ё ставкаи корӣ ҳатмӣ аст. Музди меҳнати онҳо вобаста аз миқдори соатҳо ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёри вақт мебошад. Тибқи моддаи 1042-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди маоши омўзгорон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ муайян ва пардохт карда мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани ин меъёр талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мегардад, ки Вазорати маориф ва илм ба ин роҳ дода наметавонад.
Боқиро ба виҷдон, сатҳи касбию дарки ҳуқуқии ходимони шабакаҳои интернетӣ ҳавола менамоем.
Котиботи матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |