Ҳазфи “ов”-у “вич” аз насаби раисони Хуҷанду Исфара ва Конибодому Панҷакент
Як гурӯҳ аз мақомдорони вилояти Суғд пасванди русии “ов”-у “вич”-ро аз насаби худ ҳазф кардаанд. Рустам Ғиёсов, раҳбари дастгоҳи ҳукумати вилоят, насаби худро ба Рустам Раҳматулло иваз намудааст.
Инчунин, раҳбарони Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшану Ғончӣ низ пасвандҳои русиро аз насаби худ берун кардаанд. Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд аз ин ба баъд Аҳмадзода Раҷаббой ва Даврон Зоҳидов -- раиси Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир номида мешаванд. Раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров низ насаби худро ба Хисрави Абдуназар тағйир додааст.
Чанде пештар мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ барои тағйири насаб беш аз 500 нафар муроҷиат кардаанд, ки як гуруҳи онҳоро мақомдорон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Дар давоми соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини Суғд барои қайди ивази ному насаби худ ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилоят муроҷиат кардаанд.
Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд. Дар пайи ин, дарҳол Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ эълон кард, ки насаби худро ба Қосими Раҳбар тадил додааст. Инчунин, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ному насаби худро ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба Гавҳар Шарофзода ва Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба Самӣ Шариф тағйир доданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |