Баъд аз “фирор”-и туркҳо... “Аквапарк”-и Душанберо итолиёвиҳо месозанд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо Франческо Феррарӣ, ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri», ки ғолиби озмун барои сохтмони “Аквапарк” гардидааст, густариши ҳамкориро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев изҳори боварӣ намудааст, ки ин ширкати итолиёвӣ сохтмони иншооти нотамоми «Аквапарк»-ро дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд ва меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом мерасонад.
“Аквапарк” - и нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии “Эмек иншаат”, ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтааст. Аммо баъдан дар паи ихтилофҳо оиди арзиши ин иншоот, “Эмек Иншаат” сохтмонро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда Тоҷикистонро тарк кардааст.
«Preston&Barbieri» дар Тоҷикистон таҷрибаи корӣ дошта, қаблан аттраксионҳои Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-ро насб кардааст. Инчунин дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар мулоқоти Убайдуллоев бо Феррарӣ созиш шуд, ки ин ширкати итолиёвӣ Боғи кӯдакони пойтахтро низ бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |